logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОН ВА ТАЪРИХИ ПАРЧАМДОРИИ ЯК МИЛЛАТИ ТАМАДДУНСОЗ

Парчам дар адабиёт бо муродифҳои ливо, дирафш, алам низ машҳур аст. Бавижа, Дирафши Коваёнии «Шоҳнома» - и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ далели аз қадимулайём парчамдору парчамбардор будани миллати мост.
Дар ин асар омадааст, ки Коваи оҳангар дар вақти мубориза бар зидди қувваи бадӣ - Заҳҳок ғолиб омада, пешбанди чармини худро ҳамчун дирафш истифода карда, онро баланд мебардорад ва бо ин амал муборизаро ба рағми бадиву ҷаҳолат оғоз мекунад.
Аз таърихномаҳо, бахусус, аз «Таърихи Табарӣ» бармеояд, ки шоҳ Фаридун баъд аз 20 соле, ки ҳамроҳ бо Кова буд ва баъд аз он, ки Кова  бимурд, тамоми дороии Коваро ба фарзандони ӯ бахшид, аммо ин дирафшро дар хазинаи давлат ҳамчун  фоли нек нигоҳ медошт ва ба ҳар ҳарбе, ки  мерафт, онро мекушод ва бо худ мебурд, то зафар ёбад. Ибни Асир менависад, ки мардум ба даст овардани пирӯзиҳоро дар мушкилоти давлатдории худ «аз баракати он дирафш донистанд ва онро ба фоли нек гирифтанд ва гиромӣ шумурданд ва дар бузургдошти он кӯшиданд, то ҷое, ки ин дирафш дар назди подшоҳони Эрон бузургтарин дирафше  шуд, ки аз он  хайру баракат меҷустанд ва онро  «Дирафши Коваёнӣ» меномиданд. Онро ба роҳ намеандохтанд, магар дар корҳои бисёр  бузург ва онро барнамеафрохтанд, магар ҳангоме ки бо пешомадҳои  бузург рӯ ба рӯ  мешуданд».
Аз ин ба баъд ҳар  подшоҳе, ки бар тахти давлати эрониён менишаст, ин дирафшро бо худ медошт ва ҳар подшоҳе аз худ гавҳару ёқуте бар он меафзуд, то пӯст дар миёни он  гавҳарҳо нопадид шуд. Дар  чигунагии шаклу таркиби ин дирафш то ба имрӯз  ахбори мухталиф  расидааст, баъзе бар онанд, ки  чармпорае будааст аз пӯсти шер, ё паланг, ё хирс, ки онро қаблан  Кова  ҳамчун  пешбанди кории хеш истифода  мекардааст ва баъд  аз он, ки  ба «дараҷа»-и  дирафшӣ  расид, онро  суфтатар  ва ба шакли  зеботар, ки ба алам монанд буда бошад, карданд. Бинобар навиштаи соҳиби «Бурҳони қотеъ»: «Ҳакиме  будааст дар улуми тилисмот бағоят моҳир, ки шакли сад дар сад бар он нақш карда буд.  Ва баъзе  гӯянд шакле  аз сӯхтагиҳои оташ дар он чарм  ба ҳам расида  буд, ки ин хосият дошт, яъне  дар ҷанг, ки он ҳамроҳ  буд,  албатта фатҳ  мешуд».
Аз ин навишта бармеояд, ки парчам танҳо аз матоъ ё як ашё иборат нест, балки қувваи бузурги муттаҳидсоз буда, метавонад рӯҳан дар пирӯзиву зафармандиҳо мадад расонад.

Насрингул АБДУЛАЗИЗОВА,
омӯзгори МТМУ № 90
ноҳияи Сино
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2020    №: 226    Мутолиа карданд: 59
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед