logo

иҷтимоиёт

МАВЗУНА ЧОРИЕВА: «ҲАР КУҶОЕ РАФТАМ, ПАРЧАМ ВА ЧАКАН БО МАН БУД»

Навори хира ва сифаташ на он қадар хуб рӯи экран мебарояд. Аз дур духтареро нишон медиҳанд, ки пироҳани чакан ба бар, медали тилло дар каф истода,  бо ифтихор назар дорад, ки чи гуна Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мешавад. Дасти наворбардор меҷунбад, тасвирҳо норавшан мешаванд, дилгир мешавем ва ҷавондухтари тасвиршавандаро аз нав нишон медиҳанд...
Ин чанд лаҳзаест, ки боксёри маъруф Мавзуна Чориева дар шаҳри Остонаи (ҳоло Нур - Султон) Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2010 шаҳди чемпионии Осиёро мечашид.
Мавзуна 1 октябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Кӯлоб ба дунё омадааст. Падараш Ғоибназар Чориев паҳлавон буд ва мехост духтараш низ пайи ӯ равад. Нухуст қиблагоҳаш як сол ӯро дарси гӯштӣ дод. Аммо шавқу завқи Мавзуна ба бокс бештар мешуд. Ҳамин тариқ, дар ҳафтсолагӣ тамрини боксро оғоз намуд.
Ҳанӯз ҳаждаҳро пур накарда, дар соли 2010 ба Қазоқистон сафар кард, то дар Чемпионати Осиё оид ба бокс ширкат варзад. Ояндаи ӯро ба дунёи варзиши бузург ҳамин мусобиқа ҳал кард.
- Дар фарҳангу суннати мо, аз ҷумла дар мусобиқаҳои муштзаниву гӯштӣ бо духтар дар набард будан, ҷоиз нест. Агар мефаҳмиданд, ки ман духтарам, аз рақобат даст мекашиданд. Дар Кӯлоб ҳам духтарони муштзан набуданд, ки бо эшон дар рақобат бошам. Аз ин хотир, дар сабқатҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ бо шаҳодатномаи додарам Муҳаммадҷон Чориев ширкат меварзидам, - ёд мекунад қаҳрамони мо.
Лаҳзаҳои таърихии чемпиони Осиё шуданашро чунин ба хотир меорад: «Вақти рафтан ба Қазоқистон намедонистам, ки маро дар он мусобиқаи бонуфуз чӣ интизор аст. Аммо бо умед ва ниятҳои нек дар ҷомадонам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва куртаи чаканро гирифтам. Ин ҳоло ба як анъана табдил ёфт ва ба ҳар куҷо рафтаму меравам, парчам ва чакан бо мананд. Баъди мағлуб кардани рақибон, чемпиони Осиё шудам, ашки шодии ман ист надошт, падарам, аввалин устодамро ёд карда, мегиристам. Дар андешаи наворбардориву аксгирӣ набудам ва асбоби техникӣ ҳам бо худ набурда будем. Аммо як ҳамроҳи хайрхоҳамон бо видеокамераи худ ҳаваскорона лаҳзаҳои қадр шудани маро сабт кардааст».
Дар ин навор, ки баъдан тавассути телевизионҳои кишвар нишон дода шуд, мебинем, ки Мавзуна пироҳани чакани хуштарҳеро ба бар карда, дар пояи фахрӣ меистад ва дар баробари оҳанги мутантани Суруди Миллӣ парчами мо парафшон мешавад.
Бале, Мавзуна аввалин бонуи тоҷик аст, ки дар риштаи варзиши муштзанӣ пирӯз омада, ба рушди минбаъда ва оммавигардии он дар Тоҷикистон ҳиссаи шоиста гузошт.
Соли 2012 дар барномаи вижаи Бозиҳои олимпӣ, ки дар Лондон мегузашт, бори аввал муштзанӣ (бокс) низ номнавис гардид. Мавзунаи нуздаҳсола ҳамчун ҷавонтарин муштзан аз байни бонувон дар ин сабқати ҷаҳонӣ ширкат варзида, соҳиби медали биринҷӣ гардид ва шуҳрати Тоҷикистонро дар ҷаҳон боло бурд.
Худи ҳамон сол дар Чемпионати 7 - уми ҷаҳон оид ба бокс байни бонувон дар Чин иштирок кард ва боз сазовори медали биринҷӣ шуд.
- Дар ҳама пирӯзиҳои ман саҳми падарам бузург аст. Ӯ буд, ки маро бошуҷоат, бебок ва қавиирода тарбия кард. Ҳамин тавр, бо роҳбариву сахтгириҳои устоди азизам Мирзо Шамсиев ба музаффариятҳо расидам. Ҳама ранҷҳо, тамрину машқҳои пайваста, тарсу ҳаяҷон, шӯру шавқи мусобиқаҳо дар як чиз хулоса мегардад: баланд бардошта шудани парчами кишварат. Кӯшиши тамоми варзишгарони ҷаҳон низ дар ҳамин лаҳза ҷамъбаст мешавад, ҷамъбасти пурифтихор ва таърихӣ, - мегӯяд Мавзуна.
Хизматҳои шоистаи Мавзуна Чориева дар рушди варзиш бо Ордени «Шараф» дараҷаи II ва унвони Устоди дараҷаи байналмилалӣ қадр шудааст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2020    №: 226    Мутолиа карданд: 81
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед