logo

иҷтимоиёт

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ БА ҲАМААМОН МУБОРАК БОШАД!

Шоир ва рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим дар яке аз ёддоштҳояш овардааст: Хавф таҳдид мекард, ба ҳар соат таҳдид мекард. Хавфи одӣ набуд, хавфи парокандагии миллату давлат ва аз миён рафтани фарҳанги волои он буд. Саранҷом фитнаҳо дарҳоро шикастанд. Хун рехта шуд. Сарвари вақти давлат имзои истеъфои худро гузошт ва фирор намуд. Ҷонибҳо дар даст силоҳ бо ҳам ба ҷанг бархостанд. Бародарон дар симои ҳамдигар душманони ҷону имону ақидаро диданд. Садоҳои тир бо гиряҳои кӯдакон омехт. Хонаҳо сӯхтанду хароб гардиданд. Мардум бо даҳшатзадагӣ фирор кард. Чароғҳо хомӯш шуданд. Бар ҷои базму тараб ғаму мотам омад. Гӯристонҳо пур аз кӯдакону ҷавонон шуданд…
Рӯзи Президент ба ҳамаамон муборак бошад!
Ҳар рӯзамон бояд рӯзи Президент бошад! Шукр бояд кард, ки ин марди Худо болои сари миллати  тоҷик  омад.  Он  рӯзҳо  фаромӯш нашудаанд. Бенизомӣ, бетартибӣ, гуруснагӣ, қаҳтӣ, бебарқӣ, иғвоангезӣ, маҳалгароӣ… Калимаи тоҷик қариб шунида намешуд. Кӯлобӣ, ғармӣ, помирӣ, ленинободӣ, орҷоникидзеободӣ, "вовчик", "юрчик"… Миллат қариб, ки фаромӯш шуда буд. Аз гуфтани тоҷик ё аз кадом маҳал будан ҳарос дошт мардум. Саҳар ба кор мерафт, бегоҳ ба хона баргаштанашро касе кафолат намедод. Ё худ соатҳои дароз дар навбати нон истоданро фаромӯш кардед? Дар деҳа мардум бо чароғ ё фонус шабро рӯз мекард. Шаб тирезаҳоро мепӯшонданд, ки равшанӣ намудор набошад. Шукри ин марди Худо, имрӯз барқи тоҷик хориҷи кишварро равшанӣ дорад. Шукри Худои бузург он рӯзҳо гузаштанд.  Ба  шарофати  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Рӯзи Президент ба ҳамаамон муборак бошад!
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, нафаре, ки чанд вақт боз бо як навори иғвоангезонаю маҳалгароӣ дар интернет пайдо шудааст, «мушкилӣ»-и мардумро ба мақомот расонданӣ аст. Мушкил дар худат аст Абдусаттор. Ягон нафарро беҳуда ҷарима намекунанд. Бояд барои мусофиркашонӣ иҷозатнома ва патенти хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт ва, ҳамзамон, бояд дар ягон ҷамъияти мусофирбар ба қайд гирифта шуда, рақамҳои махсуси зард ва намуди ягонаи таксӣ дар пойтахтро дошта бошӣ. Он вақт касе туро ҷарима намекунад. Бо ёрдами бародарон соҳиби мошину хона шудӣ, зӯри бародарҳо ба гирифтани иҷозатнома намерасад?
Ин як иғвое беш нест, ки гӯё барои ваҳдатӣ будан аз кор меронанд. Ман ҳамчун зодаи шаҳри Ваҳдат 21 сол мешавад, дар идораи давлатӣ кор мекунам. Ягон вақт на аз тарафи роҳбарият, на аз тарафи ҳамкорон ягон сухан аз маҳалгароӣ нашунидам. Ёрдамчиҳои Президент ба идораи мо ҳам ташриф меоранд, дар сафарҳо ҳамроҳем, лекин ягон нафарро аз рӯи маҳалаш аз кор нарондаанд. Танҳо ҳамон нафарони нокораву танбалу бесаводро аз кор ҷавоб медиҳанд. Маҳалгароӣ ва фитнаангезии аввали солҳои 90-ум кишварро ба чӣ рӯз овард? Оё ҳамон вақт нон ба серӣ мехӯрдӣ? Дар кӯча озод мегаштӣ?
Рӯзи Президент ба ҳамаамон муборак бошад!
Шумо боз аз маҳалгароӣ сухан карда, ваҳдатӣ мегӯед. Як бор Ваҳдати имрӯзаро бо Кофарниҳон ё Орҷоникидзеободи солҳои 90 - ум муқоиса кунед. Ҳамчун шаҳрванди шукргузор хулоса бароред.
Наход Президент ё Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар ба ҳар нафар иҷозатнома ё патент бурда диҳанд. Ё дасти ҳар таксистро гирифта, қоидаи ҳаракати роҳ омӯзонанд.
Сафари охироне, ки Ҷаноби Олӣ пеш аз интихоботи президентӣ ба шаҳри Ваҳдат доштанд,  тамошо кардӣ? То Ромит рафтанд, бо чархбол не, бо мошин. Агар шаҳри Ваҳдату ваҳдатиҳо дар назари ёрдамчиҳои Президент ё ба қавли шумо «мақомот» нокора мешуданд, Сарвари давлатро намегузоштанд, ки бо мошин то Ромит раванд.
Ба ҷойи хулоса суханони модареро аз шаҳри Турсунзода бо номи Почо Шабунова меорам:
- Рӯзҳои сангинеро, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, яъне  то сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон аз сар гузарондем, ҳеҷ гоҳ аз  хотир бароварда наметавонем. Модарон фарзандонашонро аз даст дода, ранҷу азоби зиёд кашиданд. Гуруснагӣ, саргардонӣ, тарсу ҳарос, ноумедӣ он замон ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Мардум ҳатто дар кӯчаҳо озод гаштугузор карда наметавонистанд. Ӯ нафарест, ки ба ин ҳама нуқта гузошт. Ба мардуми тоҷик сулҳ, ободиву озодӣ овард. Ба шарофати ӯ рӯзҳои сангин паси сар шуданд. Дигар дар кӯчаҳо  ҳаросон қадам намезанем, барои як бурда нон соатҳо навбат намепоем, зеро акнун Пешвои ғамхор дорем. Ӯ наҷотбахши мост!
Рӯзи Президент ба ҳамаамон муборак бошад!

Фирӯзи АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2020    №: 228    Мутолиа карданд: 178
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед