logo

иҷтимоиёт

ПИРЯХҲО. ЭКСПЕДИТСИЯҲО ЧИРО НИШОН МЕДИҲАНД?

Коршиносон Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ нуқтаи бузурги пиряхҳо мешуморанд. Ба гуфтаи онҳо пиряхҳои кишвари мо барои минтақа на танҳо махзани бузурги об  маҳсуб меёбанд, балки манбаи мувозинати табиат низ мебошанд. Ба ин хотир, зарур мешуморанд ва ҳам таъкид менамоянд, ки пиряхҳо бояд пайваста мавриди омӯзиш қарор бигиранд.
Албатта, пиряхҳои кишвар солҳои қаблӣ аз ҷониби  олимони  соҳа омӯхта,  дар кадом минтақа ҷойгир будану  масоҳаташон муайян шудаанд. Чунин омӯзишу таҳқиқ, ки 50 - 60 сол идома ёфт, имкон фароҳам овард «Феҳристи пиряхҳо» тартиб  дода  шавад.  Аммо, баъдтар таҳқиқоти илмӣ - бунёдӣ оид ба пиряхҳо қатъ шуду дигаргуниҳои дар онҳо баамаломада норавшан монданд. Ҳоло ба омӯзиши ҳолати пиряхҳо ва гузарондани таҳқиқоти муосир Маркази омӯзиши пиряхҳо, ки дар назди Академияи миллии илмҳо фаъолият мекунад, машғул аст. Инак, соли дуюм аст, ки олимони марказ баҳри омӯзиши пиряхҳо экспедитсияҳои илмӣ анҷом медиҳанд.
Бино ба иттилои Абдулҳамид Қаюмов, директори марказ экспедитсияҳои анҷомдода собит намуданд, ки раванди гармшавии глобалӣ ба пиряхҳои Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст.
- Яке аз экспедитсияҳои мо ин омӯзиши пиряхи Якарчаи минтақаи Варзоб буд. Тибқи мушоҳидаҳо, дар ин мавзеъ ҳамасола то 3 метр барф меборад. Бо вуҷуди ин, пирях коҳиш ёфта, раванди мазкур идома дорад. Экспедитсияи  илмӣ дар пиряхи Баралмос  бошад, нишон дод, ки бо сабаби гарм шудани ҳаво дар болои он  ҳавзҳои нав пайдо шудаанд. Ин сабаб гардид, ки  пирях имсол се  маротиба канда шавад. Ҳол он ки дар 10 соли охир як маротиба канда шуда буд, - гуфт Абдулҳамид Қаюмов.
Экспедитсия нишон дод, ки раванди обшавӣ  дар пиряхҳои Қарокӯл низ ба назар мерасад. Аз  омӯзиши ҳавзи Қарокӯл мутахассисони марказ ба хулоса омаданд, ки имсол сатҳи оби кӯл нисбат ба солҳои пешин камтар аст. Аммо ин нишондиҳанда нисбат  ба 60 соли охир хеле зиёд аст. Яъне, ҳоло бо вуҷуди он, ки сатҳи оби кӯл коҳиш ёфтааст, нисбат ба 60 соли пеш наздики 2 километр соҳилро забт карда. Ин ҳолат ҳоло мутахассисони марказро нигарон намудааст. Ба андешаи онҳо чунин нишондод аз як ҷиҳат хуб бошад ҳам, аз ҷиҳати бехатарӣ ташвишовар аст.
- Имсол пиряхҳои Майхура - Зиддӣ  нисбат ба солҳои пешин зиёдтар коҳиш ёфтаанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар ин мавзеъ қабати барф паст, аммо обнокӣ кам мебошад, - мегӯяд А. Қаюмов.
Барои омӯхтани тавозуни пиряхи Ғунт ҳам мутахассисон баъзе корҳоро анҷом додаанд, аммо натиҷаи он соли оянда маълум хохад шуд.
Мавриди зикр аст, ки кормандони марказ давоми фаъолият Атласи пиряхҳои Тоҷикистонро тартиб доданд. Он пиряхҳои 13 ҳавзаро дар бар мегирад ва барои мутахассисони соҳа дастури раҳнамо арзёбӣ мешавад.
Пешрафти имрӯзаи илм, истифодаи  технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла компютерҳои баландиқтидор ва моделҳои ҷадиди соҳа, имкон медиҳанд, ки корҳо дурустар ва комилтар иҷро шаванд. Ҳоло Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияии миллии илмҳои  Тоҷикистон дар омӯзиши пиряхҳо аз ГИС – технология истифода мебарад.
Таҳлилҳои анҷомдодаи кормандони марказ дар дастгоҳҳои ҷадид собит намуданд, ки маълумоти қаблии «Феҳристи пиряхҳо» мукаммал набуда, ислоҳталаб мебошад. Ҳангоми муқоисаи маълумотҳои «Феҳристи пиряхҳо» маълум шуд, ки дар рақамгузории  баъзе пиряхҳо иштибоҳ рафтааст. Дар муайян намудани масоҳати байни пиряхҳо низ саҳлангорӣ ба назар мерасад. Мутахассисон, ҳамчунин, ҳини корҳои омӯзишӣ муайян намуданд, ки масоҳати пиряхҳо  дар «Феҳристи пиряхҳо» нисбат ба имрӯз камтар нишон дода шудаанд.
Ҳоло кормандони марказ талош доранд камбудиҳоро бартараф намуда, дар омӯзиши амиқи пиряхҳо, ки манбаи бузурги оби минтақа ба шумор мераванд, таҳлилҳои дақиқу дуруст анҷом бидиҳанд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2020    №: 228    Мутолиа карданд: 192
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед