logo

иҷтимоиёт

ТАБИБИ ҲОЗИҚ

Дар миёни мардум нафароне ҳастанд, ки тамоми умр фикру зикри хешро барои як мақсад - хизмат ба халқу Ватан равона месозанд. Албатта, чунин одамон медонанд, ки дар назди ҷомеа ва миллат танҳо амали нек боқӣ мемонад. Номзади илми тиб, табиби дараҷаи олӣ, ҳамзамон, директори маркази иммунопрофилактикаи беморхонаи марказии ноҳияи Данғара Умаралӣ Сафаров аз шумори чунин инсонҳост.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Рисолати вориси Абуалӣ ибни Сино шудан танҳо ба пӯшидани хилъати сафед ба охир намерасад. Барои ба номи вориси аслии Сино сазовор шудан, заҳмати шабонарӯзӣ мебояд кашид ва дили бузургу ақли солим бояд дошт».
Дар ин бора академик К. Кончаловский низ гуфтааст: «Инсон метавонад актёри беистеъдод, олими беамал, меъмор, геолог, омӯзгор ё муҳандиси беҳунар шавад, аммо ҳуқуқ надорад, ки табиби бад шавад. Зеро ба ӯ бовар карда, ҳаёти одамро супоридаанд».
Умаралӣ Сафаров зодаи ноҳияи Данғара буда, соли 1983 факултети педиатрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм карда, бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ҳамчун табиби бемориҳои кӯдакона фиристода шуд. Ӯ аз рӯзҳои аввали корӣ барои соҳаи тандурустӣ ва сиҳатии насли наврас хизматҳои бузургро то имрӯз анҷом дода истодааст.
Муҳаббат ба касб, масъулият дар иҷрои вазифа, эҳтиром ба корафтодагон ва садоқат ба мардум ӯро соҳибэҳтиром гардондааст. Умаралӣ Сафаров дар кори табобат, пеш аз ҳама сухани ширинро даво медонад. Ҳунару илмаш ба нафъи мардум 38 сол аст, ки чун чашмаи кӯҳистон равона аст.  Умаралӣ  Сафаров  солҳои  2004 - 2014 муовини аввали сартабиб оид ба корҳои методӣ - ташкилӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2014 то имрӯз директори маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Данғара мебошад. Ҳамзамон, аз соли 2017 мудири кафедраи тахассусии коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки маркази иммунопрофилактикӣ таҳти роҳбарии ӯ тариқи эмгузаронӣ дар 61 муассисаи профилактикии ноҳия, ҳаёти ҳазорҳо кӯдаконро аз бемориҳои сироятии фалаҷ, сурхча, гепатити-В, кабудсулфа, сил, гулӯзиндонак, гулафшон ва шикамравии шадид раҳоӣ бахшида, онҳоро аз эҳтимолияти маҷрӯҳият бардоштан пешгирӣ намудааст.
Мавсуф соли 2009 рисолаи номзади илми тибро дар мавзӯи кумаки аввалияи тиббӣ дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон зери роҳбарии профессор Соҳиб Зарифов дифоъ намуд. Инчунин, дар курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Санкт - Петербург ва Запороже иштирок кардааст ва мекунад.
Заҳматҳои ӯ ба унвони табиби дараҷаи олӣ, нишони Аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо ифтихорнома қадр шудааст.
- Вале бароям аз ҳама мукофотҳо баландтар меҳру ихлос, муҳаббати самимии мардум ва иззату икроми онҳост. Вақте ки заҳматат натиҷа дорад, мардум аз корҳои табобатат қаноатманд, ҳеҷ гоҳ хастагиро эҳсос намекунӣ, - мегӯяд Умаралӣ Сафаров.

Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2020    №: 228    Мутолиа карданд: 175
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед