Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Gazeta.ru. Президенти Россия Владимир Путин зимни гуфтушуниди телефонӣ бо Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҷараёни татбиқи паймони Қариябоғро баррасӣ намуд.
INTERFAX.RU. Чуноне Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ӯ ба сарвари раёсати хадамоти умумӣ тавсия додааст, ки барои интиқоли ҳокимият ба Ҷо Байден «ҳама кори зарурӣ»-ро анҷом диҳад.
АИР Новости. «ИМА то 15 январ боздошти аз Афғонистон баровардани низомиёнашонро тасдиқ намуданду анҷоми онро аз натиҷаи гуфтушунид бо ҳаракати тундрави «Толибон» вобаста донистанд», - гуфт вазири корҳои хориҷии Олмон Аннегрет Крамп-Карренбауэр.
«Интерфакс». Дар Арманистон аз 12 шаш вазир пас аз паймони сеҷониба оид ба Кӯҳистони Қариябоғ истеъфо дод.
АИР Новости. Ҳукуматдорони Ҳиндустон 43 замимаи мобилии чиниро бинобар эҳтимоли зараррасонӣ ба истиқлолияти кишвар, амнияти давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ бастанд.
France 24. Кормандони политсия ҳангоми парокандасозии лагери ғайримуташаккили гурезаҳо дар маркази Париж, ки аксари бошандагонаш гурезаҳои афғонанд, гази ашковарро истифода бурданд.
Gazeta.ru. Дар вилояти Челябинск табибон тифли ҳаштмоҳаеро наҷот доданд, ки ба болои худ дегчаи оби ҷӯшро чаппа карда, 55 дарсади баданашро сӯзонда буд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 357