logo

ҳукумат

 МАШВАРАТИ КОРӢ


15 декабр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карданд.
Дар машварат аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, масъулони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон, дигар идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бонкҳо иштирок карданд.
Масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи дар машварати корӣ баррасишуда таъмин намудани аҳолӣ бо неруи барқу гармӣ ва маводи ғизоӣ, вусъати тадбирҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ, суръатбахшии кишти тирамоҳиву тайёрӣ ба кишти баҳорӣ, истифодаи самараноки гармхонаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омода кардани тухмиҳои аълосифат, омодагии ҳамаҷониба  ба таҷлили сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, мизбонии шаҳри Душанбе дар чорабиниҳои банақшагирифташудаи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамоиши сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, расондани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва дар маҷмӯъ, андешидани тадбирҳо оид ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва назорати нархи маҳсулот дар бозори истеъмолӣ буданд.
Нахуст дар робита ба фарорасии фасли зимистон ва афзоиши талаботи мардум ба неруи барқ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия, ҷоннок кардани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки неруи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ ҷалб намуданд.
Таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои оби кишвар дар фасли зимистон бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд. Зеро, ҳарчанд ки захираи имрӯзаи об басанда аст, дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд.
Вобаста ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигию президентӣ, ки аз роҳҳои асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва танзими нарх дар бозорҳо мебошанд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вусъат бахшида шаванд.
Тибқи маълумот дар кишвар масоҳати чунин заминҳо 214 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки 107 ҳазор гектари он замини обӣ буда, 32 фоизи замини корами кишварро дар бар мегирад.
Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид соли 2021 барои сокинони сайёра соли вазнинтарин мегардад. Беш аз 270 миллион одам бо сабаби камбудии маводи ғизоӣ ба гуруснагӣ ва қиматӣ рӯ ба рӯ мешавад. Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки бо мақсади афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар майдони киштукори зироатҳои кишоварзӣ, махсусан картошка ва ғалладонагиҳо, зиёд карда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагиро дар мамлакат таҳлил намуда, изҳор доштанд, ки то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вақти ниҳоят кам мондааст, вале иҷрои корҳои ободонӣ то имрӯз ҳамагӣ 65 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи маълумот бояд то рӯзи ҷашн боз зиёда аз 9000 иншоот сохта, ба истифода дода шавад.
Дастур дода шуд, ки аъзои Ҳукумат, сарпарастони шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби сохторҳои марказӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба масъалаи вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд ва иҷрои пурраи нақшаи тасдиқгардидаро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо дар фасли зимистон ва риояи ҳатмии қоидаҳои зидди сӯхтор дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ, супоришҳо дода шуданд.
Ба хотири таъмини аҳолӣ бо маводи ниёзи аввал масъулон дастур гирифтанд, ки бо истифода аз захираҳои мавҷуда дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хусусан дар пойтахти мамлакат, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намудҳои маводи ғизоиро мунтазам ташкил намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, бахусус табақаи ниёзманди аҳолӣ, барои дар арафаи Соли нави мелодӣ расондани кумакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ба Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ҳоло дар кишвар даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат ташкил гардида, ба кашфи истеъдодҳо мусоидат карда истодааст, ҷараён дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб карданд, ки ин тадбири фарҳангӣ бояд бо тартиби муайяншуда ва одилонаву воқеъбинона ҷамъбаст карда шавад ва ҳайати ҳакамон ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд. Инчунин, таъкид гардид, ки ширкаткунандагону ғолибони озмун аз ҷониби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд гардонда шаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба кори муназзами иншооти энергетикӣ, хусусан пайваста таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе бо барқу гармӣ, таъмини рушди бемайлони соҳаҳои саноат, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт, беҳбудии ҳолати иншооти роҳу нақлиёт, обрасонӣ, хизматрасонии коммуналӣ, бозорҳо ва савдо, бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва варзишу солимгардонӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.
Дастурҳои дигар, ҳамчунин, барои баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинии сокинони пойтахт, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ, хусусан дар арафаи Ҷашни Наврӯз, нигоҳдории муҳити зист ва таъмини зебоиву тозагии хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзами корхонаҳо ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дода шуданд.
Дар ҷамъбасти машварат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор намуданд, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти мамлакат, аҳли зиё ва ҳар як фарди бонангу номуси кишвар анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти он саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2020    №: 240    Мутолиа карданд: 1282
21.06.2021


КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед