Хабарҳо
БО ҲАМ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОНРО БА ДИЁРИ ҲАМЕШАБАҲОР ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!
Дар рӯзҳои бебориш таҳти ҳамин шиор, ба иттилои Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ, гулкорӣ ва сабзазоркунӣ сурат мегирад. Чунин кор дар порчазаминҳои атрофи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ бо ширкати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва кормандони дастгоҳ иҷро гардид.
- Бо мақсади идома додани суннати аҷдодӣ: ободкорӣ ва нигоҳ доштани муҳити роҳатбахши экологии диёрамон, ки манбаи асосии саломатӣ ва бақои миллати мо мебошад, 20 ноябри соли 2020 амри раиси вилояти Хатлон “Дар бораи таъсиси ситод оид ба вусъати корҳои ободонӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон” ба тасвиб расид, – зикр кард Н. Маъмурзода. Тибқи гуфтаи мавсуф, шинондани 418 ҳазор бех дарахти ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, кишти майсаи ҳамешасабз дар масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар аст. Дар ин мавсим шинондани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион дона лола, 710 ҳазор бех гули садбарг, 6,6 миллион гулҳои мавсимӣ низ, ба нақша гирифта, як қисми корҳо, аллакай, бо сифати баланд анҷом дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки чанд рӯз қабл Қурбон Ҳакимзода бо муроҷиатнома аз мардуми вилоят хост, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати экологии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам сарсабзу назаррабо шудани ҳар як гӯшаву канори вилояти Хатлон саҳми шоистаи худро гузоранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 332