logo

Хабарҳо

РОҲИ НАВИ ТАБОБАТИ БЕМОРИИ СИНДРОМИ МЕТАБОЛИКӢ

Ходимони илмии озмоишгоҳи «Пайвастаҳои фаромолекула» - и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон истифодаи пектинро дар табобати бемории синдроми метаболикӣ пешниҳод намуданд.
Корҳои озмоишӣ дар Институти гастроэнтерология идома доранд. Коршиносон пектин ва тарзи нави интиқоли онро дар 15 бемор гузаронданд. Санҷиш натиҷаи мусбат дод. Комиссияи институти мазкур ба хулосае омад, ки  тарзи нави интиқоли дору назар ба тарзи анъанавӣ муҳлати табобатро метезонад ва ин усулро метавон дар табобати беморони  синдроми метаболикӣ истифода намуд.
Пектин хусусияти кам кардани  холестерини таркиби хунро дорад. Ба ин хотир,  онро барои табобати  бемории қанд низ тавсия медиҳанд.
Зимнан, дар кишвари мо пектин истеҳсол намешавад. Онро аз кишварҳои   Россияву Чин ворид месозанд. Кормандони Институти кимиё пектинро аз партовҳои боқимондаи себ, меваҳои ситрусӣ, ба мисли лимӯ, инчунин, сабадаки офтобпараст, кадую биҳӣ ва зардолую чукрӣ ба даст оварданд.


МЕДАЛИ ТИЛЛОИ БОНУВОНИ ТОҶИК
Дар намоиши байналмилалии «KIWIE- 2020» ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор, ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Куриё шуда гузашт, се бонуи ихтироъкори тоҷик - Муътабар Зоидова, Парвина Мухторова ва Таҳмина Маҳмудова соҳиби медали тилло шуданд. 
Дар намоиш аз 17 кишвари аъзои Созмони ҷаҳонии  моликияти зеҳнӣ 441 бонуи ихтироъкор бо  230 пешниҳоди ҷолиб ширкат дошт.
Зимнан, Ассотсиатсияи бонувони Куриё 13 сол боз ин ҳамоиши байналмилалиро баргузор менамояд. Хушбахтона, тайи ин солҳо занҳои тоҷик тавонистанд ихтирооти зиёди худро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
 

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ  СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР
ШАРОИТИ МУОСИР
Бо ташаббус ва заҳмати олими ҷавон, номзади илмҳои сиёсӣ Шералӣ Ризоён маҷмӯаи  маводи таҳлилии  донишҷӯёни бахши чаҳоруми  ихтисоси  фаъолияти иттилоотию таҳлилии ДМТ дар соли 2019-2020  таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами  сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити муосир» аз чоп баромад.
Он аз 5 фасл иборат буда, дар он донишҷӯён баъди аз худ кардани равишҳои мухталифи  таҳлилӣ, хулосаҳои худро таҳия ва онро дар дарсҳои амалӣ муаррифӣ намуданд.
Фаррух Салимов, номзади илми таърих, дар сарсухан ба маҷмӯаи мазкур таъкид намудааст: «Аслан курсҳое, ки ҳадафи онҳо омӯзиши касбии масъалаҳои  таҳлилӣ ва таҳлилгарӣ бошанд, дар барномаҳои донишгоҳҳо дида намешаванд, ҳол он ки  зарурати воқеӣ ба ин навъи амалиёт байни мақомоти давлатӣ рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Гомҳои аввалро дар самти ислоҳи ҳолати мавҷуда кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии  факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  гузошт».

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 310
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед