logo

маориф

“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. 4 ПЕШНИҲОДИ 1 ИШТИРОКЧӢ

Ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст, ки Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Баргузории ин озмун миёни хурдсолону калонсолон ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва монанди инҳо як таҳаввулоти куллиеро ба вуҷуд оварда истодааст.
Ҳамчун иштирокчии номинатсияи шоирии даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур мехоҳам якчанд таклифу пешниҳод намоям:
1. Низомномаи Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҷдиди назар карда шуда, дар асоси таклифу пешниҳодоти шаҳрвандон баъзе тағйиру иловаҳо ворид гардад.
2. Бо сабаби он, ки дар замони муосир муборизаҳои иттилоотӣ шиддат гирифта истодаанд, ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳро зарур аст, ки бо қаламу сухан алайҳи чунин нотавонбинону бадхоҳон муборизаи беамон барад. Бинобар ин, ба номинатсияи шоирӣ, номинатсияҳои нависандагӣ, рӯзноманигорӣ ва адабиётшиносиро илова карда, иштирокчиёнро ба се гурӯҳи зерин тақсим намоянд:
- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи таҳсилоти касбӣ;
- донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, олии касбӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун;
- калонсолон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа.
Вобаста ба қобилият ва синну соли иштирокчиён шартҳои озмун содатар шумораи ҷоизагирандагон зиёд карда шаванд.
Дар низомномаи озмуни мазкур омадааст, ки дар номинатсияи шоирӣ фақат шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки аъзои Иттифоқи нависандагон набошанд. Ин аз як тараф ба дарёфти чеҳраҳои нав мусоидат кунад, аз дигар тараф ҳуқуқи шоирони ҷавонеро, ки аъзои ин иттифоқ мебошанд маҳдуд менамояд. Бигзор,  аъзоёни Иттифоқи нависандагон ҳам дар ин озмун иштирок намуда, намунаи эҷодиёташонро такмил ва афзоиш диҳанд. Вале бояд нисбат ба онҳо талаботи озмун қавитару ҷиддитар бошад.
Бо ин мақсад, пешниҳод менамоям, ки ба се гурӯҳи дар боло зикршуда, гурӯҳи чорум бо номи “аъзоёни Иттифоқи нависандагон” илова карда шавад. Вале доварӣ ва баҳогузорӣ ба эҷодиёти ин гурӯҳ, на аз ҷониби ҳакамон, балки аз ҷониби иштирокчиёни ҳамаи номинатсияҳо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ амалӣ гардад.
3. Тибқи низомномаи озмуни мазкур шумораи ҷоизагирандагон барои номинатсияи шоирӣ 3 ва ба дигар номинатсияҳо 6 нафар муқаррар шудааст. Вале чи тавре, ки аз баромадҳои иштирокчиёни ҳамаи номинатсияҳо дар даври ниҳоӣ маълум мешавад, ин миқдор хеле кам буда, довталабони болаёқат зиёданд ва ҳамаи онҳоро ҳавасманд кардан имкон надорад. Ин иштирокчиён махзани тиллоии ақлию зеҳнии кишвар буда, дар оянда барои рушду ташаккули адабиёт ва фарҳанг нақши созгор хоҳанд бозид.
Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки аз ҳисоби ҳамаи иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни мазкур як созмони илмию адабӣ таъсис дода, бо ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва кишварҳои шарикони рушд мунтазам вохӯрӣ ва чорабиниҳои адабию фарҳангӣ гузаронда шаванд.
4. Имрӯзҳо ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар марҳила ба марҳила амалӣ мегардад ва хуб мешуд, ки дар сатҳи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  як озмуни ҷумҳуриявии дигаре бо номи “ИСТЕЪДОДҲОИ НОДИР ВА ФАВҚУЛОДА” эълон карда шуда, ҳамаи олимон, муҳандисон, навоварон, ихтироъкорон, дорусозон, барномасозон ва намояндагони касбу кори гуногун ба он ҷалб карда шаванд.
Чунин озмун ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат заминаи устувор хоҳад гузошт. 

Ҳамрозода Бӯрӣ САРМАД,
иштирокчии озмун, сардори раёсати таҳлил
ва омори гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2021    №: 1    Мутолиа карданд: 134
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед