Хабарҳо
ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД
Вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, самараноки заминҳои хоҷагиҳо, наздиҳавлигӣ ва президентӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хусусан COVID-19 ва омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг оид ба амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, бо роҳбарони корхонаҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ, маҳаллаҳо ва фаъолони ноҳия вохӯрӣ доир намуд.
Гуфта шуд, ки қатъи назар аз мушкилоти мавҷуда, таъмири неругоҳҳо, боришоти кам дар фасли зимистону баҳор ва норасоии об бо супориши Сарвари давлат интиқоли шабонарӯзии неруи барқ ба аҳолӣ таъмин шуд ва мебояд ҳар як оила, корхонаю ташкилот ба истифодаи сарфакоронаи он диққати ҷиддӣ диҳад. Зеро истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи он дар пешрафти соҳа ва таъмини доимии аҳолӣ бо равшанию гармӣ мусоидат мекунад.
Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, назди ташкилоту корхонаҳо, вусъати корҳои ободонӣ баррасӣ гардиданд. Рамазон Раҳимзода вобаста ба хуруҷи бемории коронавирус дар давлатҳои ҳамсоя ба масъулон ва гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати пурзӯр намудани назорат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи ниқобу маводҳои безараргардонӣ дастур дод.
Ба иттилои масъулон, дар ноҳия бо ин мақсад даҳ гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, оташнишонӣ, шабакаҳои барқӣ, тандурустӣ ва ҲХДТ ташкил шуда, бо сокинон ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи ҳолатҳои бехатарӣ аз сӯхтор, омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистода, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
Рамазон Раҳимзода аз фаъолияти серӯзаи 10 гурӯҳи корӣ дар ноҳия натиҷагирӣ кард, ки бо беш аз 800 оила корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондаанд. Сардори шабакаҳои барқи ноҳия иттилоъ дод, ки меъёри истифодаи барқ ба ноҳия дар як шабонарӯз 274 ҳазор киловатт - соатро ташкил медод ва 19 декабр истифодаи он ба 255 ҳазор киловатт - соат баробар шуда, 19 ҳазор киловатт сарфа гардид.
Ширинҷон САФАРЗОДА, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 305