Хабарҳо
WORLD JUDO MASTERS
Тоҷикистонро се паҳлавон муаррифӣ мекунад
11 – 13 январ дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа мусобиқаи World Judo Masters баргузор мешавад. Бар пояи маълумоти IJF, дар мусобиқа иштироки 396 варзишгар (214 мард, 182 зан) аз 70 давлати дунё дар назар аст.
Бино ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқаи мазкур аз кишвари мо Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни - 73 килограмм) ва Темур Раҳимов (+100 килограмм) ширкат хоҳанд варзид.
Боиси ёдоварист, ки дар радабандии ҷаҳонии дзюдо Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 14, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷои 17 ва Темур Раҳимов дар ҷои 30 қарор доранд.
«ҶОМИ РУШД – 2021»
Футболбозони навраси тоҷик барои он мубориза хоҳанд бурд
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U17) дар 17-умин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд – 2021», ки дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск (30 январ – 7 феврал) баргузор мегардад, ширкат меварзад.
Тавре аз ФФТ хабар доданд, футболбозони наврас, аллакай, омодагиашонро ба ин мусобиқа зери роҳбарии Аҳлиддин Турдиев дар базаи Академияи футболи ФФТ (Алмосӣ, Ҳисор) оғоз кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта мунтахаби мо дар ин мусобиқа зинаи дуюмро гирифта буд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 197