logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Алишер Иззатуллоевич Ёрбобоев баъди хатми факултаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) солҳои 1971- 1973 дар сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. 
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1973 дар Вазорати хизмати маишии ҷумҳурӣ оғоз намуда, минбаъд, зиёда аз 36 сол, то ба нафақа баромадан, дар мақомоти меҳнат, шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мансабҳои гуногун - аз сардори шуъба то муовини якуми вазир ва мудири шуъбаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Пас аз сар задани муноқишаҳои сиёсии дохилӣ ва муҳоҷирати иҷбории аҳолӣ, тибқи дастури Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти ваколатдори давлатӣ ва дар навбати аввал Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати баргардондани муҳоҷирону фирориёни иҷборӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар раванди бозгардонии муҳоҷирони иҷборӣ ва ҷобаҷо намудани онҳо дар макони зисташон фаъолона иштирок намуд.
Бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ ва содироти расмии неруҳои корӣ лоиҳаи созишномаҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Россия, лоиҳаи консепсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ва як идда барномаҳо таҳия, тасдиқ ва мавриди татбиқ қарор дода шуданд, ки дар он саҳми ӯ низ зиёд мебошад.     
Мавсуф дар таҳияи “Ҳисобот оид ба рушди инсонӣ”-и солҳои 1996 ва 1998-и Барномаи рушди СММ, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 - 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 нақш гузоштааст. 
Бо назардошти истеъдод ва собиқаи зиёди роҳбарӣ соли 2006 ӯро мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуданд.
Дар ҷараёни иҷрои вазифаи мазкур диққати бештарашро ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷангу меҳнат, тақвияти фаъолияти  шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равона намуда, бевосита дар кори пленумҳо ва маҷлисҳои раёсати он ширкат варзида,  маслиҳату тавсияҳои муфид медоданд. Алишер Ёрбобоев аъзои фаъоли Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тайи давраи фаъолият дар ин вазифа ҳам  бо иштироки бевоситаи ӯ  ислоҳоти риштаи таъминоти иҷтимоӣ сурат гирифта, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, “Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ” таҳия, тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуданд.       
Ӯ, ҳамзамон, соли 1994 Хазинаи ҷумҳуриявии хайрия оид ба расондани кумак ба кӯдакони бепарастор - "Ятимон"-ро таъсис дода, чанд сол онро сарпарастӣ намуд.  
 А. Ёрбобоев соли 2000 бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр гардида, соли 2014 бо қарори Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ӯ нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шудааст. 
Соли 1996 узви вобастаи Академияи байналмилалии иттилоотӣ интихоб гардид. 
Инчунин, соли 2020 ӯро бо медали ҷашнии “75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1941-1945” сарфароз гардонданд.  
Алишер Ёрбобоев ҳамчун коршиносу мушовир ба чанде аз созмонҳои байналмилалӣ ёрии назариявӣ мерасонад.

Шӯрои собиқадорони ҷангу
меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Абулхайр ҒАФУРИЁН
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2021    №: 3    Мутолиа карданд: 287
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед