logo

иҷтимоиёт

ҒАФУРОВ. ШАҲРАКИ САРВАТҲОИ БУЗУРГ

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар ба хотири сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ бо вусъат идома доранд. Дар қатори дигар мардуми кишвар барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи муқаддас ва ободу зебо гардондани гӯшаи диёр сокинони меҳнатқарину ватандӯсти шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ корҳои назаррасро анҷом доданд.

Тибқи иттилои Ҷамшед Исроилов, раиси шаҳраки Ғафуров, то ин ҷашни фархунда бунёди 30 иншооти таъйиноташ гуногун дар нақша буда, аллакай, 22-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Бо ташаббуси соҳибкорони бо нангу номуси маҳаллӣ М. Ҷӯраев, Ҳ. Бӯриев, М. Маллаева, Ҷ. Орипов, А. Аҳмадов ва дигарон кӯчаи Абдулқодиров чароғон гардида, чойхона, се маркази савдо ва хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, аз тарафи ҶДММ «Бунёд – 1», ширкати «Озода-косметик», ҶДММ «Маркази тиҷоратии «Суғдиён» се бинои истиқоматии баландошёна, коргоҳи истеҳсолии собун, маркази тиҷоратии «Суғдиён», майдончаи варзиш ва дигар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд.
- Мӯҷиби ифтихору сарфарозии мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии маркази тиҷоратии «Суғдиён» ширкат намуда, дар робита ба иқдомҳои ватандӯстонаи соҳибкорони кишвар ҳарф зада, аз саҳми арзандаи ҷавонони соҳибкори шаҳраки Ғафуров низ ёдовар шуданд, ки ба онҳо илҳому неруи тоза бахшид, - гуфт Ҷамшед Исроилов, раиси шаҳрак. - Иқдомҳои наҷиби соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати бунёди иншооти гуногуни аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангидошта, моро эътимод мебахшанд, ки онҳо диёри худро дӯст медоранду баҳри боз ҳам ободу сарсабзшавии он саҳми арзанда мегузоранд.
Дар ин шаҳрак зиёда 20 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Бо омезиши фарҳангҳои гуногуни миллатҳои зиёде, ки ин ҷо дӯстона кору зиндагӣ доранд, дар шаҳрак фазои хуби ҳамзистию созандагӣ фароҳам шудааст. Дар ҳамин ҷо фаъолият доштани Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров низ мақоми шаҳракро чун маркази бузурги фарҳангӣ ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ рӯнамоӣ мекунад.
Шаҳраки Ғафуровро метавон мавзеи саноатӣ ҳам унвон кард, зеро феълан дар он зиёда аз 20 коргоҳи хурду бузург фаъолият дорад. Аксарияти аҳолии шаҳрак дар ҳамин соҳа шуғл меварзанду рӯзгори худро пеш мебаранд.

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2021    №: 3    Мутолиа карданд: 87
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед