logo

иҷтимоиёт

ДАРВОЗ. ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ ХОНА-ИНТЕРНАТИ САҒИРДАШТ ТУҲФАИ СОЛИНАВӢ ГИРИФТАНД

Ёдовар мешавем, ки  30 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкуниашон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз доштанд: «Доир ба  ҳифзи иҷтимоии ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманд тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда мешаванд». Дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро ба ҷо оварда, кулли вазорату кумитаҳо ва идораву муассисаҳои ҷумҳуриявӣ дар арафаи соли нави милодӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа  туҳфаҳои солинавӣ  тақдим карданд. Аз ҷумла, тайи  шаш сол мешавад, ки Агентии идораи хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастии хона - интернати   назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2, деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвозро ба уҳда дорад.
Дар арафаи Соли нав корманди масъули  Агентии идораи  хоҷагии ҷангал Саъдӣ Қаноатов  роҳҳои пурбарфи Душанбе – Нуробод – Сангвор - Сағирдаштро бо мошин паймуда, ба 35 нафар  тарбиятгирандаи ин муассиса  ба маблағи зиёда аз 9  ҳазор сомонӣ сарулибос ва пойафзоли зимистона туҳфа овард. Дар муассиса  асосан фарзандони зироаткорон,  чорвопарварон ва занбӯриасалпарварони   деҳаҳои дурдаст ва баландкӯҳи Пастироғу Пуштароғ, Фаркинг, Сафедорон,  Гурбадара, Лухч, Марғак, Дашти Шер тарбият мегиранд. Акнун наврасони ағбаи Хобу Рубот аз хунукиҳои қаҳратун ва зимистони тӯлонии водии Вахё боке надоранд.
Директори таълимгоҳ Фазлиддин Розиқзода барои чунин инъоми солинавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар меҳвари  сиёсати    маорифпарварона ва хайрхоҳонаашон таълиму тарбияи  насли наврас  қарор дорад,  аз номи волидон ва  тарбиятгирандагон изҳори сипос намуд.  Ӯ иброз дошт, ки се сол муқаддам  дар сафари кориашон ба Ҷамоати деҳоти Сағирдашт Пешвои муаззами миллат ба бунёди бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 санги асос гузошта буданд. Таълимгоҳ то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад ва тарбиятгирандагони хона - интернат низ дар  синфхонаҳои кушоду барҳаво ва гарм  таҳсили худро идома медиҳанд.
                                                  
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2021    №: 3    Мутолиа карданд: 86
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед