logo

иҷтимоиёт

ВАРЗИШИ ТОҶИК. АЗ НООМАДИҲОИ КОРОНАВИРУСӢ ТО ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Соли 2020 дар баробари дигар соҳаҳо барои варзиш низ соли вазнин омад. Зеро қариб ҳамаи мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпии Токио – 2020, лағв шуданд. Варзишгарон ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардиданд. Дар Тоҷикистон ва ҷаҳон мусобиқаҳо бе ҳузури мухлисон баргузор гаштанд, соҳа хисороти ҷиддии молиявӣ дид. Вале, бо вуҷуди ин, варзиши тоҷик ба дастовардҳои чашмрасе низ ноил гашт, ки чанде аз онҳоро пешкаш мекунем.

ИФТИТОҲИ ҚАСРИ ТЕННИС ВА МАҶМААИ ВАРЗИШИ ОБӢ
Дар пасманзари бемории ҳамагири коронавирус яке аз муждаҳои фараҳбахши соли 2020 ифтитоҳи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе буд. Ин иншооти боҳашамат 21 июл бо ширкати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он яке аз бузургтарин маҷмааҳои варзиши мамлакат буда, дар майдони 10 гектар бунёд гардидааст.
Маҷмааи варзишӣ аз Қасри теннис барои зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 воситаи нақлиёт, Қасри намудҳои варзиши обӣ барои қариб дую ним ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварӣ бо 300 ҷойи нишаст иборат буда, дар шафати он 8 майдони теннис, ки яке аз онҳо дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.
Дар иншоот системаи шабакаҳои зарурӣ мутобиқи талаботи FINA (Федератсияи байналмилалии шиноварӣ) ва ITF (Федератсияи байналмилалии теннис) барои гузарондани мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ насб гардидааст. Тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ дар иншооти ёрирасони маҷмаа таҷҳизоти махсус насб гардида, тавассути он сабти видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба шабакаҳои телевизионӣ пайваст шудааст.

ДУ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ
Баҳодур Усмонов (63 кг), боксёри маъруфи кишвар, 11 марти соли 2020 дар қувваозмоии даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар қораи Осиё/Уқёнус (Уммон, Урдун) бар варзишгари эронӣ Ашкон Ризоӣ пирӯз шуда, соҳиби роҳхати Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ гашт. Ин аввалин роҳхати варзишгарони Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии Токио – 2020 буд.
Ҳамон рӯз, муштзани дигари тоҷик Шаббос Неъматуллоев (81 кг) дар қувваозмоии дуюми даври бокс-офф Санчин Кумар (Ҳиндустон)-ро мағлуб намуда, роҳхати дувуми олимпиадаро ба даст овард.

ҲАНГОМАИ ФУТБОЛИ ТОҶИК ДАР ИСПАНИЯВУ ОЛМОН
Тавре ҳамагон шоҳидем, бо хуруҷи бемории коронавирус дар аксари мамолики ҷаҳон чемпионатҳои миллӣ оид ба футбол муваққатан қатъ шуда буданд. Вале Тоҷикистон аз ҷумлаи камтарин кишварҳое буд, ки ин мусобиқа идома дошт. Дар яке аз бозиҳо футболбозони тоҷик ҳамтоҳои испании худро дастгирӣ намуданд. Инчунин, ҳамлагари «Истиқлол» Шериддин Бобоев ҳангоми тантанаи голаш футболкаи худро бадар овард, ки дар футболкааш чунин навиштаҷот буд: «We are one peace. Health to the world. With love Tajikistan» (Мо яктанем. Саломатӣ ва осудагӣ ба аҳли ҷаҳон. Бо меҳр аз Тоҷикистон). Чунин иқдомҳои футболбозони тоҷик боиси он гардиданд, ки дар кишварҳои Аврупо бо меҳр  аз футболи тоҷик сухан гӯянд.

ДАСТОВАРДИ САМБОЧИЁН
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон (Сербия) чор медал (нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд. Медали нуқраро Акмалиддин Каримов (57 кг), медалҳои биринҷиро Комроншоҳ Устопириён (90 кг), Хушқадам Хусравов (62 кг) ва Самеъҷон Абдушукуров  (87 кг, байни ҷавонон) мушарраф  шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки моҳи декабр дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон ба хотири гиромидошти Анатолий Харлампиев самбочиёни тоҷик Алимуҳаммад Алиев, Деваштич Убайдӣ, Муҳиддин Муҳиддинов ва Осмонбег Қуқаниев  сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд.

ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ШОҲМОТ
Соли гузашта бори дуюм дар Тоҷикистон Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот бо мукофтпулии 100 ҳазор сомонӣ баргузор гардид. Дар он дар ҳисоби даставӣ байни шоҳмотбозони касбӣ дастаи Душанбе – 1 ва миёни шоҳмотбозони ғайриҳирфаӣ тими вилояти Суғд ғолиб омаданд.
Дар ҳисоби инфиродӣ бошад, зинаҳои аввалро Аъзам Юнусов (Бохтар) ва Адиба Мақсудшоева (ВМКБ) касб карданд.

Маҳмуд МИРЗОЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2021    №: 3    Мутолиа карданд: 216
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед