Хабарҳо
ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД
Gazeta.ru. Президенти Россия Владимир Путин ва Канслери Олмон Ангела Меркел дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ доир ба имконияти эҳтимолии истеҳсоли муштараки ваксина мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки дар муборизаи минбаъда ва куллан коҳиш додани паҳншавии коронавирус ваксина бояд нақши бориз бозад. Ғайр аз ин, сарварони ду кишвар тасмим гирифтанд, ки дар ин самт гуфтугӯ идома дода шавад.
КИШВАРҲОИ ХАЛИҶИ ФОРС БО ҚАТАР ПАЙМОНИ СУЛҲ БАСТАНД
REGNUM. Сарварони давлатҳои халиҷи Форс паймони лағви муҳосираи дипломатӣ ва иқтисодии Қатарро ба тасвиб расонданд.
Дар санад шоҳзодаҳои валиаҳди Арабистони Саудӣ, амирони Қатару Қувайт ва намояндаҳои Амороти Муттаҳидаи Араб ва Уммон имзо гузоштанд. Паймон боз кардани ҳарими ҳавоӣ, марзи баҳрӣ ва заминии ин кишварҳоро бо Қатар пешбинӣ мекунад.
Ёдрас мешавем, ки 5 майи соли 2017 Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Миср Қатарро ба дастгирии терроризм гунаҳгор намуда, ҳама гуна муносибатро қатъ карда буданд.
БОЗДИДИ БЕШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД САЙЁҲ
АЗ ЮННАНИ ЧИН
Синхуа. Аз ин музофоти қисми ҷанубу ғарбии кишвар порсол зиёда аз 530 миллион сайёҳ дидан кард.
Тибқи маълумоти раёсати фарҳанг ва туризми Юннан, музофот аз сайёҳӣ 678 миллиард юан (наздики $104 миллиард) даромад гирифт, ки назар ба соли 2019 60 дарсад зиёд мебошад. Ҳарчанд дар оғози сол дар ин ҷо низ бо хуруҷи коронавирус чанд муддат карантин роҳандозӣ шуд.
Музофот зарфияти ғании сайёҳӣ дорад, аз ҷумла панҷ иншооти меросии ҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО, тимсоли Шаҳри куҳани Лисзян ва шолизори Хунхэ - Хани.
СОЛИ ГУЗАШТА БОЗОРИ КИНОПРОКАТИ ИМА
80 ДАРСАД КОҲИШ ЁФТ
The Hollywood Reporter. Маҷмӯи маблағи хазинаҳои ИМА порина дар 40 соли охир аз ҳама камтарин гашт, - омадааст дар гузориши ширкати Comscore.
Мувофиқи баҳои таҳлилгарони Comscore, даромади умумӣ аз фурӯши чиптаҳо дар кинотеатрҳои мамлакат соли 2020 тақрибан 2,68 миллиард долларро ташкил дод, ҳол он ки соле пеш ин рақам $11,4 миллиард буд. Ҷамъи ҷаҳонии маблағ дар кинотеатрҳо $11,5 - 12 миллиард ҳисобида мешавад. Ҳол он ки соле қабл даромад ба $42,5 миллиард баробар шуда буд.
Уфти бозори ҷаҳонии кинопрокатро ба оқибати гарони пандемияи коронавирус рабт медиҳанд. Дар аксар давлатҳои дунё кинотеатрҳо чандин моҳ баста шуданд.
ТАБИБОНИ ӮЗБЕК БА ҲАМКАСБОНИ АФҒОН ДАР МУБОРИЗА БО COVID-19 ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА МЕКУНАНД
Uz.sputniknews. Ҷиҳати мубодилаи таҷриба гурӯҳи 20 - нафараи кормандони тибби Афғонистон ба Тошканд омад, - хабар додааст Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.
"Мақсад аз ин ташриф омӯхтани тарзу усулҳои табибони ӯзбек дар мубориза бо пешгирии паҳншавии коронавирус ва табобати гирифторон мебошад», - тавзеҳ додааст вазорат.
Мутахассисони афғон муддати даҳ рӯз дар машғулияти таълимӣ дар ду клиникаи махсуси COVID-19 дар қарибии Тошканд иштирок карда, дар беморхонаҳо бо тарзи кори ҳамтоёни ӯзбек шинос хоҳанд шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 221