logo

иҷтимоиёт

ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ АЗ ФАЙЗИ «САБЗКОРӢ»

Тайи чанд соли охир дар кӯчаҳои пойтахти азизамон гулгашту хиёбонҳои нав бунёд мешаванд, ки тарҳу намуди ба худ хос доранд. Таҳияи композитсияи гулҳо бо дизайни замонавӣ ба симои шаҳр ҳусни дигар зам менамояд. Бинобар ин, корхонаҳои илмию истеҳсолии ба парвариши гулу дарахтон машғулбуда, кори худро дучанд афзуданд, ки  Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ» - и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи онҳост.

Корхона тибқи нақшаю барномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ободу зебо гардондани пойтахти кишвар саъю талош менамояд. Дар он мутахассисон ба парвариши гулҳои ороишии мавсимию бисёрсола, дарахтони ороишӣ ва сояафкан машғул буда, соли гузашта 7 миллиону 21 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ истеҳсол карданд. Аз ин шумора 4 миллиону 80 ҳазор ба боғҳои фарҳангию фароғатӣ, раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва боқимонда барои парвариш дар гармхона ва муассисаҳои таълимию иншоотҳои ҷашнӣ равона гардид. Аз ҷумла, дар ҳудуди муассисаи томактабии «Хуршеди Тоҷикистон» ва дигар иншоотҳои ҷашнӣ сабзкорӣ ва шинондани гулҳои мавсимӣ анҷом дода шуд.
Таъмини зебоии иншоотҳо ва тозаю озода гардондани гирду атрофи биноҳои навсохт ва иловагии маъмурии ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин, сабзкории роҳҳои мошингард ва тоза нигоҳ доштани онҳо яке аз масъалаҳои муҳим барои шаҳрдорӣ ба ҳисоб мераванд, ки вобаста ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониашон зимни мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе дастуру супоришҳо доданд.
Барои таъмини шаҳр бо гулҳои мавсимӣ, махсусан дар соли 2021, аз ҷониби КВДТИИ «Сабзкорӣ» 24 намуд тухмии гулҳо бо теъдоди 17 миллион дона харид шудааст, ки аз ин 3 миллиону 210 ҳазораш барои мавсими баҳор омода гардидааст. Ғайр аз ин, 1 миллиону 100 ҳазор дона гул дар гулдон парвариш ёфта, барои шинондан дар кӯчаю хиёбонҳо омодааст.
Фаъолияти корхона бо роҳбарии мутахассиси ҷавону ботаҷриба Маҳмад Камолов боз ҳам беҳтар мешавад. Дар ҳудуди КВДТИИ «Сабзкорӣ»  гармхонаи нави замонавӣ дар масоҳати 2000 м2 бунёд гардида, 4 гармхонаи калон ва 13 гармхонаи хурд ба масоҳати 7380 м2  аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошанд. Ҳоло сарфи назар аз сардии ҳаво кормандони «Сабзкорӣ», ки бештараш занону духтарон мебошанд, дар гармхонаҳо ба парвариши гулу дарахтон машғуланд, то ин ки ҷашнҳои Наврӯз ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо омодагии ҷиддӣ ва дастовез пешвоз гиранд.
Дастрасӣ ба тухмии гулҳо барои кормандони идора аз масъалаи муҳим аст. Ҳоло онҳо дар пайи иҷрои супориши протоколи ҷаласаи назди муовини раиси шаҳр Т. К. Раҳимзода аз 5 октябри соли 2020 оид ба ҷамъоварии саривақтии тухмии гулу ниҳоли буттаю дарахтон мебошанд. Тухмии гулҳо ва ниҳоли дарахтон аз хориҷи кишвар оварда мешаванд. Айни замон дар корхона барои санҷидани тухмӣ ва парвариши ниҳоли дарахтон, аз ҷумла дарахтони шоҳбулут ва булут, корҳои таҷрибавию илмӣ ҷараён доранд. Дар қитъаҳои корхона 10287 бех дарахти ҳамешасабз, 3147 дарахти сояафкан ва 7245 бех бутта ва гулҳои бисёрсола, зиёда аз 150 ҳазор дона садбарг ва 254 ҳазор дона қаламчаи он шинонда шудаанд. Барои зиёд кардани шумораи гулу дарахтон дар ин ҷо қитъаи замини корам низ васеъ карда мешавад. Кормандони корхона кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки парвариши гулҳои мавсимии ороиширо бо сифати баланд истеҳсол намуда, дар корҳои ободонию созандагии шаҳри Душанбе саҳми бештар гузоранд. Зеро медонанд, ки ободонию созандагӣ аз файзи «Сабзкорӣ» зиёд аст.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2021    №: 4    Мутолиа карданд: 224
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед