logo

иҷтимоиёт

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. ХАТИ ТАҚДИРИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар неъматҳои фаровонаш имкон дод, ки халқи тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи гузаштаи хешро эҳё намуда, номи фарзандони фарзонаи миллатро зиндаву гиромӣ дорад.
 
Яке аз чунин фарзандони накуном, ки дар баробари дигар шахсиятҳои ҷоннисори миллати тоҷик барои халқу миллати хеш хидматҳои таърихӣ кардааст, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур аст, ки ба шаҳодати таърих яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ мебошад. Аз ин рӯ, муруре ба зиндагиномаи ин шахсияти таърихӣ барои таҳкими рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ва ватанпарастӣ аҳамияти калон дорад.
Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1899 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Дар 9-солагӣ аз падару модар маҳрум монда, то дувоздаҳсолагӣ дар тарбияи бародараш ва соли 1911 ба интернати назди омӯзишгоҳи русии шаҳри Хоруғ  дохил гардид. Дар ин муассисаи таълимӣ 4 сол ба таҳсил фаро гирифта шуд. Соли 1914   таҳсилашро дар шаҳри Тошканд идома дод. Маълумоти олиро низ дар яке аз донишкадаҳои Тошканд гирифт. Шириншоҳ ҳанӯз ҷавон буд, ки фаъолияти меҳнатиашро дар роҳи оҳани шаҳри Тошканд оғоз кард.
Моҳи январи соли 1921 ба узвияти Ҳизби Коммунистӣ пазируфта шуд. Худи ҳамон сол бо  супориши Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон ба  ҳайси узви сегонаи ҳарбӣ – сиёсӣ барои таъсис ва бунёди кумитаҳои инқилобӣ (аввалин нишонаҳои ҳокимияти нави шӯроӣ) ба Помир омад. Соли 1922 қаламрави Помир расман ба Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон шомил гашт. Муддати ду соли фаъ-олият дар гӯшаву канори ин сарзамини кӯҳистон, дар баробари дарки мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии сокинони маҳаллӣ ба хулосае омад, ки ба зиндагии мардум қабл аз ҳама вуҷуд надоштани  ягон навъи воситаи хабарпаҳнкунӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, Ш. Шоҳтемур дар ташкили аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар Туркистон – «Овози тоҷик», ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд рӯи чоп омад, иқдом кард. Нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» дар  замоне, ки идеологияи пантуркистӣ ҳукмронӣ мекард, осон набуд. Рӯзнома ба дифои забони тоҷикӣ мақолаҳо чоп мекард, ин ҳолат ба роҳбарони вақт, ки аксаран тарафдори ғояҳои пантуркистӣ буданд, писанд набуд ва рӯзномаро бастанӣ мешаванд.                                                  
Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад барои пешгирӣ аз эҳтимоли боздоштани нашри рӯзнома ба Самарқанд меоянд. Онҳо нахуст устод Садриддин Айниро пайдо карда, дар ин бора машварат мекунанд. Ниҳоят ба хулосае мерасанд, ки рӯзнома ба мақоми органи Бюрои ташкилии Кумитаи инқилобии тоҷик табдил дода шавад, ки ҳамин тасмим рӯзномаро аз хатар эмин нигоҳ дошт. Ӯ дар баробари ин иқдом, ҳамчунин, дар нашри аввалин китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ нақши намоён дорад.
Мавсуф бо дигар ҳампаймонҳои худ, масъалаи аз ҳама муҳим - ташкил намудани Ҷумҳурии Мустақили Тоҷикистонро пайваста дар миён мегузоштанд, ки ин кор дар замони шиддати пантуркизм осон набуд. Аммо ҷонбозиҳои шабонарӯзии ӯ ва дигар фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар ин роҳ самар овард. Соли 1924  ҶМШС Тоҷикистон ва соли 1929 ҶШС Тоҷикистон ташкил гардид.
Шириншоҳ Шоҳтемур замони дар вазифаи котиби масъули Кумитаи ҳизбии вилоятии ҶМШС Тоҷикистон, котиби дуюми КМ ҲК (б) Тоҷикистон ва раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон кор карданаш, барои  ҳалли масоили муҳими миллӣ ҳаргиз донишу қувва ва имконоташро дареғ намедошт ва барои ободию гулгулшукуфии диёраш - Тоҷикистон хидматҳои беназир кардааст. Вале хислатҳои миллатпарваронаи ин шахсияти тобноки таърих душманони миллати тоҷикро нороҳат мекард. Онҳо пайваста нисбат ба Шириншоҳ душманӣ меварзиданд ва дар пайи эҷоди дасиса алайҳи ӯ буданд. Ин буд, ки мунтаҳо душманони миллати тоҷик ба вай туҳмат заданд ва бо ҷурми хиёнат ба Ватан гунаҳгор карданд...
Шириншоҳ Шоҳтемур бо макри душманон ба ҳукми қатл маҳкум ва 27 октябри соли 1937 кушта шуд. Аммо, дертар ин фарзанди ҷонсупори миллат, ки пайкараш дар қабристони Донскойи шаҳри Москва дафн шуда буд, сафед гардид.
Хидматҳои шоёни ин фарзанди фарзонаи миллатро ба назар гирифта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июни соли 2006 ба Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд ва  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон номи ин абармарди таърихро ба худ гирифт.

Фазила ГУЛМАМАДОВА,
мудири осорхонаи ноҳияи Мурғоби ВМКБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2021    №: 4    Мутолиа карданд: 112
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед