Хабарҳо
РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ
ОБИ НУҚРА
Акнун он бар зидди микроб истифода мешавад
Олимони Институти химияи ба номи В. И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқраро ба роҳ мондаанд, ки онро метавон бар зидди бисёр микробу вирусҳо истифода бурд. Дар ин бора Ҳамдам Кабков, корманди илмии институти мазкур ба мо иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, нанозараҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ доранд. Ионҳои нуқра, ҳамчунин, қодиранд масунияти бунияи инсонро баланд бардоранд, ки ин хавфи олуда шудани инсонро ба бемориҳои сирояткунанда маҳдуд мегардонад. Олимон, ҳамчунин, оби нуқраро ба сифати маводи зиддивирусӣ барои истифода дар ниқобҳои муҳофизатӣ низ пешниҳод намудаанд.
ПЕШНИҲОДИ ИЛОВАҲОИ ФАЪОЛИ БИОЛОГӢ
Мутахассисони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар ҳамкорӣ бо олимони Институти ботаника, физиология ва гинетикаи рустании назди АМИТ баъди омӯзиши хосиятҳои шифобахшии рустаниҳои кишвар, барои табобати баъзе бемориҳо як қатор иловаҳои фаъоли биологӣ пешниҳод намуданд.
«Камолид», «Камолин», «Мукофер», «Седармон» аз ҷумлаи онҳост. Ҳоло чунин навъи иловаҳои фаъоли биологӣ ба кишвари мо аз хориҷа ворид мешаванд. Ба гуфтаи олимон, ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ, ин навъи иловаҳо метавонанд ҳамчун маводи воридотивазкунанда хидмат намоянд.
Зимнан, ҳоло дар кишвари мо беш аз 3500 рустании худрӯи шифобахш мавҷуд аст. Аммо то имрӯз ҳамаи онҳо пурра мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор нагирифтаанд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 184