Хабарҳо
САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ
ТАСС. Аз ин хусус Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш иттилоъ дод.
«Чуноне интизор меравад, буҳрони иқтисодӣ дар вазъияти ҳассоси кунунӣ ва дар манзари низоъҳо ба таври илова боз 18-27 миллион нафарро маҳкум ба фақр мекунад», — изҳор дошт Гутерриш.
Дабири кулл зикр намуд, ки бинобар нобаробарии афзудаи гендерӣ дунё даҳсолаҳо қафо партофта шуд, зеро миллионҳо зан аз буҳрони коронавирусангехта аз кор маҳрум гаштанд.
ШТАММИ БРИТАНӢ ДАР 41 МАМЛАКАТ ОШКОР ШУД
REGNUM. Маълумоти мазкурро бюллетени ҳафтаинаи ахбори сироятии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ интишор дод.
Мавриди зикр аст, ки ин штамми коронавирус бори аввал дар Британия пайдо шуд ва баъди ин даҳҳо кишвар ҳама гуна иртиботро бо Лондон қатъ намуд. Штамм номи VOC-202 012/01 гирифт. Ба он сироятнокии бештар хос аст, тибқи гуфтаи олимони англис, зиёда аз 75 дарсад.
Ғайр аз ин, дар бюллетени СҶТ дар бораи боз як штамми COVID - 501Y сухан меравад, ки бори нахуст дар Африқои Ҷанубӣ ошкор шуда, феълан дар ҳафт давлат ба қайд гирифта шудааст.
ДАР ЧИН ТО ОХИРИ СОЛ АЭРОМОБИЛ ПАЙДО МЕШАВАД
ITHome. «Ширкати чинии Xpeng охири соли равон ба истеҳсоли автомобилҳои паррон шурӯъ мекунад», - гуфт асосгузори ширкат Хе Сяопэн.
Моҳи сентябри соли 2020 дар автосалони байналмилалии Пекин Xpeng аввалин намунаи аэромобилро бо номи T1 ба намоиш гузошт ва ҳамон вақт Хе Сяопэн аз оғози истеҳсоли он хабар дода буд. Ҳамчунон, зикр кард, ки дар модели нави он ду ҷойи нишаст хоҳад буд.
Интизор меравад, ки аэромобили Xpeng дар баландии аз 5 то 25 метр парвоз мекунад.
ДАР ӮЗБЕКИСТОН АЗ ҲАВОИ ҚАҲРАТУН ШАРШАРАИ 84 - МЕТРА ЯХ БАСТ
REGNUM. Ҳодисаи яхбандии шаршараи Сувтушар дар вилояти Қашқадарё, дар қитъаи Мираки мамнӯъгоҳи давлатии Ҳисор рӯй дод.
Тибқи маълумоти Кумитаи экология ва ҳифзи муҳити зист, Сувтушари 84 - метра «пурра ях кардааст».
Дар Хадамоти обуҳавошиносии ҷумҳурӣ зикр намуданд, ки дар ин шабу рӯзҳо ҳаво шабона сардтар шуда, ҳарорат 5 - 10 дараҷа, дар шимол ва минтақаи биёбонӣ то 12 - 17 дараҷа пойин меравад.
РОУЭН АТКИНСОН: «МАН АЗ НАҚШИ ҶАНОБИ БИН ХАСТА ШУДАМ»
Radio Times. «Ҳунарпешаи машҳури британӣ Роуэн Аткинсон изҳор дошт, ки баъди анҷом ёфтани филми тасвирӣ ба образи ҷаноби Бин баргаштанӣ нест».
Айни замон, таҳияи филми тасвирӣ бо ин қаҳрамон идома дорад, ки дар он Аткинсон ба ин персонаж овоз медиҳад.
Ҳунарманд изҳор дошт, ки бесаброна анҷомёбии лоиҳаро интизор аст, зеро аз ин образ ниҳоят хаста шудааст.
Нақши мазҳакавии ҷаноби Бин дар силсилафилми ҳамноми телевизионӣ дар солҳои 1990 - 1995 ба Роуэн Аткинсон шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Беш аз 200 силсилафилм намоиш додаанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 239