Хабарҳо
ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ
Ҷиҳати иҷрои барномаи давлатӣ - баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара то 1 январи соли 2021 корҳои муайянеро ба сомон расонданд. Бино ба иттилои сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Хуршед Нурализода, роҷеъ ба сарсабзу хуррамгардонӣ ва сабзазоркунӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон дар гулгаштҳои шаҳраку деҳот, назди ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо то имрӯз зиёда аз 13 ҳазор бех ниҳоли сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз, шинонда шуд.
Баҳри зебогардонии кӯчаҳои шаҳрак 40 ҳазору 991 гулу гулбуттаҳои гуногун, 19 ҳазор гули лола ва 5 ҳазор гули садбарг шинонданд. Тавре масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, соли гузашта аз хориҷи кишвар зиёда аз 290 бех дарахти зебои чинор оварда, дар маҳалу кӯчаҳои шаҳрак шинонданд, ки ба ҳусни кӯчаҳо зебоии тоза зам намуд. Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки то таҷлили Ҷашни Наврӯз бо иштироки васеи кормандони муассиса ва ташкилоту корхонаҳо зиёда аз 17 ҳазор бех дарахт, аз ҷумла 8 ҳазор сояафкан, 4 ҳазор ороишӣ, 6 ҳазор ҳамешасабз, ҳамзамон, 402 ҳазор гулу гулбуттаҳо ва гулҳои садбаргу лола шинонанд. Инчунин, бо мақсади беҳдошти муҳити зист, афзун намудани захираҳои табиат, баланд бардоштани маърифати экологӣ кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо иштироки идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия каналҳо ва ҳудуди шаҳраку маҳалҳоро аз партовҳо тоза намуданд.
Холназар КАСИРОВ, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 232