logo

Хабарҳо

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ
Фестивали байналмилалии фарҳанги кишварҳои узви СҲШ, ки ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва баҳри шиносоӣ бо санъати давлатҳои аъзо равона гардидааст,  дар шакли филми ҳунарӣ манзури мухлисон мегардад.
Он бояд соли 2020 дар Россия барпо мешуд, аммо бо сабаби пандемияи коронавирус шаклаш тағйир ёфт. Акнун тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва интернет тамошогарон садои нодири созҳои ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО воридшударо мешунаванду бо вижагиҳои хореографияи кишварҳои мухталиф ошно мегарданд. 


ОЗМУНИ ТАҶРИБАВИИ БЕҲТАРИН МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТӢ
ДАР ПОЙТАХТ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Тибқи қарори ҳайати ҳакамони озмуни «Ташаккули тарзи ҳаёти солим», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 58-и шаҳри Ваҳдат беҳтарин дониста шуд. Муассисаи № 12-и  ноҳияи Рашт сазовори ҷойи дуюм ва МТМУ № 7-и шаҳри Турсунзода соҳиби ҷойи сеюм гардида, бо ҷоизаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукоти озмун қадр шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бори аввал ва ба таври таҷрибавӣ сурат гирифта, танҳо дар се шаҳру ноҳия доир гардид. Даври якуми он дар 390 муассисаи таҳсилотии шаҳру ноҳияҳои Турсунзодаю Ваҳдат ва Рашт гузаронда шуд. Дар натиҷа, 9 муассисаи беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Озмунро Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) ва Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳамсол ба ҳамсол” дар доираи татбиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020 доир намуд.


«САФАРНОМА: ЁДДОШТ ДАР ПАЙРОҲАИ МЕРОС» ДАР КИНОФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИШТИРОК МЕКУНАД
Филми мустанади «Сафарнома: ёддошт дар пайроҳаи мерос» - и коргардони ҷавон ва соҳибзавқи тоҷик  Шарофат Арабова дар озмуни филмҳои маънавию ахлоқии Кинофестивали  XIX байналмилалии шаҳри Даккаи Бангладеш иштирок хоҳад кард. Кинофестивали мазкур яке аз бонуфузтарин ҳамоишҳои синамоии Осиё ба ҳисоб меравад.
Филми мазкур дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия гардида. Он раҳовардест ҳамчун натиҷаи сафари муаллиф дар баҳори  соли 2019 ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҳисор, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ ва Носири Хусрав. Дар он мушоҳида ва андешаҳои муаллиф оид ба ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии тоҷикон ҷой дода шудаанд.
Дар филм мақомҳои «Рост» ва «Наво» - и Шашмақом, ки сохторашон тамсилан ба роҳ монанд аст, истифода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки филми мазкур, ҳамчунин, дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор-2019» иштирок намуда, соҳиби ҷоиза ҳам гардида буд.

М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 209
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед