logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

АНАВОРДИ  «АЗ А ТО А»

САВОЛҲО:
1. Давлат дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ. (шакли ихтисоршуда)
2. Дарахти ҳамешасабз.
3. Шикоятнома.
4. Пойтахти Туркия.
5. Олиҳаи оби пок ва фаровонӣ дар оини зардуштиён.
6. Олиҳаи зебоӣ дар асотири Юнони Қадим.
7. Пойтахти Ҳабашистон.
8. Қисми асосии фанни математика.
9. Ҳавонавардӣ.
10. Шоира, тарҷумон ва адабиётшиноси рус, Лауреати мукофоти Нобел (1889 – 1966).
11. Шаҳр дар Мадагаскар.
12. Материк.
13. Вусъати лаппиш.
14. Маъбаде, ки дар шаҳри Эфес соли 560 пеш аз милод сохта шудааст.
15. Яке аз иёлатҳои ИМА.
16. Давлат дар Африқо.
17. Пойтахти Юнон.
18. Шаҳр дар Ҳиндустон  бо яке аз муъҷизаҳои олам.
19.   … шариф Ҷӯраев, ҳофизи мардумӣ.

Таҳияи Кутфулло ЮСУФОВ, омӯзгори МТМУ № 37, ноҳияи Деваштич

Ҷавоб ба кроссворди «Арча», аз 25 декабри соли 2020
Аз чап ба рост:
4. Роҳнамо. 7. Тоҳир. 8. Симин. 9. Молия. 12. Самак.
13. Макка. 15. «Остин». 17. Лоҳур. 18. Тарҷума. 19. Сомон. 22. Муаллим.  23. Тадобир.  27. Ломоносов.  30. Савсан. 31. Мастон. 36. Боло. 37. Сафар. 38. «Адиб». 39. Миршакар. 40. Осемасар. 41. Сино. 42. Наср.
Аз боло ба поён:
1. Саттор. 1. Самара. 2. Омоним. 3. Рамзия. 5. Шоҳмансур.  6. Тирукамон.  10. Оркестр. 11. Исмоил. 14. Таоруф.
16. Маориф. 20. Алтоф. 21. Адвор. 24. Инсоф.
25. Тақвим.  26. «Саховат».  28. Заринмӯ.  29. Роҳбар.
32. Романс. 33. Сайидо. 34. Гардан. 35. Савсор.

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

 

ПАНҶГОНИК
БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар арафаи соли милодии 2021 дар Тоҷикистон  бори аввал таваллуди панҷгоник ба қайд гирифта шуд. Модари ду фарзанд, сокини деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова ду писару се духтар ба дунё овард. Ба гуфтаи табибони таваллудхонаи шаҳри Душанбе, вазъи тифлони навзод қаноатбахш буда, таҳти назорати доимӣ қарор доранд.
Боиси тазаккур аст, ки миёни соири кишварҳои олам сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон хеле баланд аст. Мувофиқи маълумотҳо, аҳолии кишвар солона ба ҳисоби миёна 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар зиёд мешавад.  Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта аҳолии мамлакат аз 9,3 миллион нафар гузашт.
Мавриди зикр аст, ки олимон таваллуди панҷгоникро воқеаи нодир меҳисобанд ва он  ба ҳисоби миёна дар 480 сол як бор ба вуқӯъ меояд.
Таҳияи Кароматулло АТО


ОЛИМИ ТОҶИК МЕДАЛИ НОБЕЛ ГИРИФТ
Академияи илмҳои тиббии Россия ихтироъкори тоҷик Абдусафо Умарҷоновро барои саҳми арзанда дар рушди ихтироъкорӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим дар макотиби олӣ ва мутобиқати асарҳои илмиаш ба меъёрҳои байналмилалӣ бо медали ба номи Алфред Нобел сарфароз кард.
Абдусафо Умарҷонов декани факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар  шаҳри  Бӯстон  буда,  муаллифи  қариб 60 дастурамали омӯзишӣ, мақолаву монография ва соҳиби беш аз 10 патенти ихтироотӣ мебошад.
Академияи илмҳои тиббии Россия, ҳамчунон, ба кашшофи тоҷик унвони профессорӣ дода, ба узвияти Ассотсиатсияи таълимии муҳандисони Россия пазируфт.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

- Ман ёре дорам сарвболо, моҳлиқо, пайвастаабру, ду чашм ҷоду, зулфи батобаш мушкин, нозу итобаш ширин, хулоса, дар ҳусну ҷамол нодираи замону дар фазлу камол ягонаи ҷаҳон. Ӯро ман беандоза нағз мебинам. Ҳар лаҳза тайёрам, ки диламро аз қафаси сина гирифта, зери пояш андозам, ҷонамро нисори висолаш кунам.
* * *
Эй бехабар, ин шакли муҷассам  ҳеҷ аст,
В-ин торуми Нӯҳ, сипеҳри акрам ҳеҷ аст.
Хуш бош, к-аз ин нишемани занну фасод,
Вобастаи як дамем, он ҳам ҳеҷ аст.

Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз 25 декабри соли 2020:
Ҷонибек Акобир, Лоиқ Шералӣ.
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

ПИСАРБАЧАИ БА КӮЧА ПАРТОФТА ЧӢ ТАВР ТАҒЙИР ЁФТ?
Соли 2016 корманди бунёди эҳсонкорӣ аз Дания Аня Ринггрен Ловен дар яке аз кӯчаҳои Нигерия писарбачаи чорсоларо бо номи Хоуп дар ҳолати вазнин дарёфт.
Ӯро ба духтурон нишон доданд, вале онҳо гуфтанд, ки имкони шифоёбияш хеле кам аст. Алорағми назари духтурон, бо парасторӣ ва ғизодиҳии хуб, ҳоли писарбача рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, зинда монд. Пас аз чор сол бошад, кӯдаки заиферо, ки  дар ҳоли марг қарор дошт, шинохтан  душвор буд.  Алҳол  ба шарофати Аня ва созмонаш Хоуп дар мактаб мехонад. Бозии футболро дӯст медорад ва маҳорати рассомӣ низ дорад.
Аня дар яке аз мусоҳибаҳояш ба рӯзноманигорон иқрор шудааст, ки тӯли чор сол талоши пайдо намудани волидони писарбача бенатиҷа анҷом ёфтааст. Вай чунин меҳисобад, ки волидон бино бар хурофотпарастӣ, надоштани савод, фақру камбизоатӣ ва фанатизми динӣ аз кӯдакашон даст кашидаанд.
Саргузашти Хоуп ягона нест. Созмони Аня, аллакай, бештар аз 300 кӯдакро наҷот додааст. Зиндагии онҳо фоҷиаангез бошад ҳам, вале ба шарофати одамони ғамхору меҳрубон рӯзгори хуш доранд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


КИШВАРҲОИ БЕ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
Чуноне ҳамагон медонем, ҳар як давлати мустақил барои ҳимояи марзу буми хеш артиш дорад. Аммо, бо вуҷуди ин, кишварҳое низ ҳастанд, ки аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ канораҷӯӣ мекунанд, зеро роҳбарияти онҳо муътақиданд, ки ба ташкили чунин сохтори ҳарбӣ зарурате нест. Тибқи маълумотҳо, айни ҳол Андорра, Вануату, Ватикан, Гаити, Гренада, Исландия, Кирибати, Коста-Рика, Лихтенштейн, Ҷазираҳои Маршалл, Маврикий, Иёлоти Федеративии Микронезия, Монако, Науру, Палау, Панама, Самоа, Сент Винсент ва Гринадини, Сент Люсия, Ҷазираҳои Саломон ва Тувалу артиши миллӣ надоранд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


МАҲСУЛИ СУРАТГИРИ ТОҶИК ДАР «ТАҚВИМИ ЮНЕСКО - 2021»
Намояндагии ЮНЕСКО дар Алма - Ато 18 ноябри соли 2020 баҳри интихоби беҳтарин аксҳои мероси фарҳангӣ ва табиии Осиёи Марказӣ ҷиҳати ороиши «Тақвими соли 2021 - и ЮНЕСКО» озмун эълон кард.
Чуноне иттилоъ дода мешавад, зимни натиҷагирӣ, ҳайати ҳакамони озмун  се акси собиқ суратгири АМИТ «Ховар» ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Дидор Саъдуллоевро, ки таҷассумгари зебоиҳои табиати Тоҷикистон мебошанд,  барои тақвим интихоб кард.
Ба гуфтаи Дидор, созмондиҳандагони чорабинӣ ба ӯ барои иштирок  дар озмун изҳори сипос намуда, мужда медиҳанд, ки суратҳояш дар «Тақвими соли 2021-и ЮНЕСКО»  ҷой дода мешаванд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МАРК ТВЕН
Як хонуми болобаланду сарватманд ба Марк Твен шикоят мебарад:
- Ҷаноб, ман шавҳарамро ҳеҷ намефаҳмам: гоҳе аз мардҳо ҳам мардтар асту гоҳи дигар аз занак ягон фарқе надорад.
- Ин бемории ирсист, хонум. Фаромӯш накунед, ки як пушти шавҳаратон мард ва пушти дигараш зан аст,- мегӯяд Марк Твен.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ҶАНГАЛИ ҒАЙРИОДӢ
Дар яке аз минтақаҳои Африқои Ҷанубӣ  ҷангале мавҷуд аст, ки аз диданаш кас ба таҳлукаву ҳарос меафтад. Чунки ҳангоми аз назди он гузаштан, шояд гумон кунед, ки миёни анбӯҳи дарахтон ҷинояти вазнине содир шуда бошад. Ин ба он сабаб аст, ки аз ҷои бурида ё харошидаи дарахтони соҷ моеи хунмонанд ҷорӣ мешавад.
Хушбахтона, дар асл чунин нест. Гап сари он аст, ки дарахти соҷ аз худ моее ҳосил менамояд, ки онро дар саноати пардозгариву ороишӣ васеъ истифода мебаранд. 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР                                                     


МАРДОНИ БИДУНИ ИЗИ АНГУШТИ ОИЛАИ САРКОРҲО
Дар Бангладеш хонаводаи Саркорҳо ба сар мебарад, ки якчанд насли мардҳояшон бидуни изи ангушт таваллуд мешаванд, ки воқеаи нодир ба ҳисоб меравад. Ангуштони онҳо ба тарзи идеалӣ ҳамвор мебошанд.
Бояд гуфт, ки то ба ҳол олимон наметавонанд дақиқ бигӯянд, ки ин мутатсия чӣ қадар қадимист, чаро ки илми дактилоскопия (воситаи шинохти шахс аз рӯи изи даст) охири асри XIX ба вуҷуд омадааст. Мутахассисон ба омӯзиши изи ангуштон маҳз дар ҳамин аср шурӯъ кардаанд ва ба он муваффақ ҳам шуданд. Ба истифодаи методикаи сартосарии он бошад, дар оғози қарни XX шурӯъ намуданд.
То як вақти муайян мавҷуд набудани изи ангуштон мардҳои хонаводаи Саркорҳоро ташвиш намедод. Аммо, замоне ки ин усул мавриди истифодаи умум қарор гирифт, онҳо ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ гаштанд. Масалан, барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият. Ҳатто дар дарёфти симкорт низ ба мушкилӣ дучор омаданд, зеро ахиран Ҳукумати Бангладеш қонунеро қабул намуд, ки мутобиқи он ҳангоми харидани симкорт гузоштани изи ангушт ҳатмист.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


АВВАЛИН БАРОМАДИ САЙЁҲИ КАЙҲОНӢ БА ФАЗО СОЛИ 2023 СУРАТ МЕГИРАД
- Яке аз ду сайёҳони кайҳонӣ, ки соли 2023 ба Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ (ПБК) сафар доранд, ба фазои кушод мебарояд, - гузориш медиҳад Ширкати мушакию кайҳонии «Энергия» (Energia Rocket and Space Corporation).
Шӯрои директорони ширкат нархи парвоз ба кайҳонро дар киштии «Союз MS»  2,5 миллиард рубл тасдиқ кардаанд.
Роскосмос моҳи феврали соли 2019 бо ширкати амрикоии Space Adventure оид ба иҷрои сафарҳои кӯтоҳмуддати кайҳонӣ ба ПБК барои ду кайҳоннаварди ғайрикасбӣ қарордод имзо кард.
Корпоратсияи давлатӣ ёдовар шудааст, ки Роскосмос ва Space Adventure дар соҳаи сайёҳии кайҳонӣ аз соли 2001, вақте ки аввалин сайёҳи кайҳонӣ  Денис Тито ба мадор парвоз кард, ҳамкорӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ, тибқи барномаи сайёҳии кайҳонӣ, аллакай, ҳафт нафар ба кайҳон парвоз кард.
Корхонаҳои саноатӣ ба сохтани воситаи нақлиёти мусофиркашонии Союз МС ва Союз-2 барои парвози сайёҳон ба кайҳон шурӯъ кардаанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


НОБИНО ШИФО ЁФТ
Януш Горай, сокини Гожув - Ввелкополски Лаҳистон,  ҳанӯз овони ҷавонӣ  бар асари аллергия нобино шуда буд. Ду сол қабл ба ҳангоми гузаштан аз роҳ ба садамаи автомобилӣ дучор мегардад, ки дар натиҷа сутунмуҳрааш ҷароҳати вазнин мебардорад. Табибон Янушро дарҳол ҷарроҳӣ мекунанд. Тааҷҷубовар он аст, ки баъд аз чанд ҳафта на танҳо  сутунмуҳрааш сиҳат мешавад, балки  биноияш низ барқарор мегардад. Мутахассисони тиб то ҳол намедонанд, ки аз таъсири чӣ нури чашми ин хуштолеъ дубора баргаштааст.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


3 МИЛЛИОН ДОЛЛАР НАРХИ ЯК ЧОЙНИК
Тибқи иттилои шабакаи телевизионии «Мир 24», дар яке аз музоядаҳои Лондон чойники нодир  ба фурӯш гузошта шудааст, ки нархи ибтидоии он 3 миллион долларро ташкил медиҳад.
Чойник, ки «Эгоист» унвон дорад, аз ҷониби заргарони ширкати италиявии  Scavia  бо тилло,  1600 алмоси суфта ва наздики 400 ёқути сурх оро ёфтааст.
Тибқи маълумотҳо, чойник тақрибан охирҳои асри XVI аз ҷониби косибони Чин сохта шуда, ба Маликаи Англия ва Ирландия Елизаветаи 1 (1533 – 1603)  туҳфа намуда будаанд. Малика бошад, онро пеш аз маргаш ба яке аз рӯҳониёни барҷастаи давраш Генри Парри тақдим менамояд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


МЕДАЛ
ЧАРО ВАРЗИШГАРОН ОНРО МЕГАЗАНД?
Борҳо дар пахши мустақими телевизионӣ дидаем, ки варзишгарон баъди дар мусобиқот ғолиб ва ҷоизадор шудан, назди камераҳо медалҳои худро мегазанд. Ин чӣ маъно дорад ва чаро ба ҳукми анъана даромад?
Бар пояи маълумоти сомонаҳои интернетӣ, бори аввал ин кор соли 1991 аз ҷониби давандагони бритонӣ сурат гирифт. Зеро баъди ба даст овардани медал аксбардорон аз онҳо хоҳиш менамоянд, ки барои акси зебо ягон амали ғайриодӣ ва хандаовар кунанд. Ва, баъдан, яке аз суратгирон ба варзишгарон пешниҳод кард, ки ҳангоми аксбардорӣ медалашонро газанд. Ба ақидаи  Дэвид Валлечинский, президенти Созмони байналмилалии таърихнигорони бозиҳои олимпӣ, аксбардорон танҳо он лаҳзаеро сурат мегиранд, ки варзишгар медалро мегазад, зеро чунин акс классикӣ шумурда мешаваду онро метавон бо нархи гарон фурӯхт. 
Таҳияи  Маҳмуд БАҲРОМ


ШАРТИ ХИМИК
Як ашрофзодаи сарватманд аз кадом коре сахт ба ғазаб омада, химики машҳури фаронсавӣ  Луи Пастерро ба дуэл даъват мекунад. Вақте Пастер аз ин огоҳ мешавад, ба секунданти бойбача мегӯяд:
- Модоме ки маро ба дуэл мехонанд, ҳуқуқи интихоби яроқ дар ихтиёри ман аст. Рафта ба хоҷаат бигӯ, ки дар байн ду зарф мемонам. Дар якеаш ҳуҷайраи заҳрнок, дар дигараш оби тоза. Ҳар кадомеашро, ки ӯ интихоб карда нӯшид, дигарашро ман менӯшам.
Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки ашрофзода аз ин шарти химик сахт тарсид ва бе дудилагӣ аз дуэл даст кашид.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ВАҚТ – МАБЛАҒ
Одамони сарватманд вақти худро сарфа карда, онро самаранок истифода мебаранд. Барои ин воситаҳои гуногун мавҷуданд ва бо истифодаи онҳо метавон ба ҷое расид, ки чанде аз онҳоро пешкаши шумо менамоем.
1. Ду ё се баробар зиёд кардани суръати хониш. Ин малакаро ҳар нафар метавонад давоми як ҳафта аз худ кунад. Он имкон медиҳад, ки бо маълумоти зарурӣ зуд шинос шавед.
2. Омӯзиши асосҳои барномаҳои компютерии бештар истифодашаванда. Онҳо воситаҳои осон кардани корро доранд, ки бисёриҳо ҳатто инро пай намебаранд.
3. Ташкили фазои корӣ: гузоштани ҳамаи ашёҳо дар ҷойҳои худ, зеро вақт барои дарёфти онҳо кам сарф мешавад.
4. Тарзи дурусти кор бо компютер: барои файлҳои гурӯҳи муайян папкаҳои алоҳида ташкил додан. Паёмҳои воридшавандаи почтаи электрониро ба папкаҳо ҷудо кардан.
5. Тарзи солими ҳаёт бурдан, зеро коршоямии ҳар нафар аз тандурустии ӯ вобаста аст.
6. Ба нақша гирифтани фаъолияти худ, то ки кор самти муайян дошта бошад.   
Дар ин асос, метавон гуфт, ки истифодаи дурусти вақт ба афзудани даромади шумо мусоидат намояд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ДОНОТАРИН ШАХСИ ДУНЁ КӢ БУД?
Ульям Джеймс Сайдис, ки олимон ӯро донотарин шахси олам эътироф мекунанд,  1 апрели соли 1898 дар  шаҳри Ню-Йорки ИМА, дар оилаи руси яҳудитабор, ба дунё омадааст.
Аллакай, дар шашмоҳагӣ алифборо аз худ карда буд. Дар 18-моҳагиаш бошад, ба хондани рӯзномаву маҷаллаҳо оғоз менамояд. Ҳангоми 3-сола будан, бо забонҳои лотиниву юнонӣ ҳарф мезад.  Дар ҳаштсолагӣ забонҳои русӣ, фаронсавӣ, туркӣ, ибронӣ, олмонӣ ва арманиро медонист.
Мактаби миёнаро дар нуҳсолагӣ хатм намуда, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Ҳарвард дохил мешавад.  Пас аз итмоми донишгоҳ, дар замимаи диплом донандаи 40 забон буданаш дарҷ мегардад. Ульям Джеймс Сайдис дар 46-солагиаш аз дунё мегузарад.
Таҳияи З. РАҶАБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2021    №: 5    Мутолиа карданд: 233
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед