Хабарҳо
ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ
Дар доираи эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаи илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва воситаи экспедитсионии назди АМИТ тасмим гирифтааст, ки марказҳои илмии академия ва чанде аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахти кишварро бо маҳлулҳои гуногуни биологиву кимиёӣ таъмин намояд.
Бино ба иттилои Иҷобатулло Акрамӣ, директори марказ, ба ин мақсад ҳоло аз кишвари Россия беш аз 100 навъи реактив ворид шудааст, ки дорои сертификати мутобиқат ба сифат мебошад.
Ҳадаф аз таъмини муассисаҳо ба чунин мавод баланд бардоштани сифати таълим ва корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ арзёбӣ мегардад.
Зимнан, ба қадри кофӣ таъмин набудани марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба маҳлулҳои гуногуни кимиёиву биологӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ин ҳолатро боиси паст гардидани сатҳу сифати таҳсил арзёбӣ менамоянд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 155