Хабарҳо
ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ.
Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ ба сару садоҳо перомуни ҳабси Дона Набиев (санаи таваллудаш 1940), зодаи ноҳияи Файзобод ва истиқоматкунандаи деҳаи Гулбуттаи Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, посух дод.
Тибқи иттилои вазорат, шаҳрванд Дона Набиев 27 августи соли 2020 аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ бо гумони содир кардани ҷиноятҳои вазнин боздошт гардида, дар асоси ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷурми ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Манбаъ хабар медиҳад, ки Дона Набиев дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки тавассути ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт, дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон иштирок кардааст. Ӯ дар сохтори собиқ ҳизби наҳзат ба ҳайси «қозӣ» фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард. Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 тамоми ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ афв гардида буданд.
Вале «бо вуҷуди он, ки собиқ ҳизби наҳзати исломӣ 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ - экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ манъ шуд, Дона Набиев кирдори ҷинояткорона ва зиддиқонуниашро идома додааст. Аз ҷумла:
- маблағҳои пулии аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои муайян ҷудошударо, тариқи истифодаи масири интиқоли маблағҳо аз кишварҳои сеюм қабул намуда, онҳоро барои паҳнкунии ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард;
- миқдори муайяни маблағҳоро тавассути ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии молиявии аъзои қаноти ҷангии ташкилоти террористии собиқ ҲНИ – «Ҷамоати Ансорруллоҳ» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол додааст;
- қисми боқимондаи маблағҳоро барои манфиатҳои шахсии худ истифода кардааст».
Дар баёнияи расмӣ гуфта мешавад, ки зимни таҳқиқу тафтиши парванда амалҳои ҷиноятии Дона Набиев тавассути нишондодҳои шахсони воқеӣ ва далелҳои шайъӣ пурра тасдиқи худро ёфтаанд. ВКД бо зикри ин далелҳо таъкид мекунад, ки тибқи қонунгузорӣ ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳар нафар новобаста аз ҷинсият, синну сол (баъди расидан ба балоғат) дар назди қонун барои кирдорҳои ҷинояткорона ҷавобгар аст.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 289