Хабарҳо
РАШТ:
МУЛОҚОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон идома дорад. Дар ин радиф дар ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон доир гардид.
Маҳмадтоир Зокирзода перомуни дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ аз 15 декабри соли 2020 баён доштанд, ба таври муфассал ҳарф зада, арзи сипоси Сарвари давлатро ба мардуми кишвар ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихобот расонд. Муҳтавои қонуну қарорҳои қабулгардида, Муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии худсохт шарҳу тавзеҳ дода шуд. Инчунин, ӯ аз мулоқот бо намояндагони парлумонҳои кишварҳои ҳамсоя, бахусус Ӯзбекистону Афғонистон ёдовар гардид.
Зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон роҷеъ ба вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоот, таъмири манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.
Сокинони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ҳамовозии худро аз сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат изҳор намуданд. Ба вакил доир ба ҷудо намудани грантҳо барои бонувон, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва сохтани муассисаҳои таълимӣ бинобар сол ба сол зиёд шудани шумораи хонандагон ва ҳалли як қатор мушкилоти навоҳии водии Рашт дархостҳо пешниҳод гардиданд.
Маҳмадтоир Зокирзода ваъда дод, ки барои иҷрои дархостҳои мазкур дар якҷоягӣ бо вазорату кумита ва ташкилотҳои марбута мусоидат менамояд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 179