Хабарҳо
ҶДММ «ММК АГРО»
МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД
Дар майдони ду гектар гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвариши помидору бодиринг ва қаламфури булғорӣ ба роҳ монда шуд, ки 25 кас бо ҷойи кор таъмин гардид. Муассисони гармхона иттилоъ доданд, ки марҳила ба марҳила майдони гармхонаи инноватсиониро ба 10 гектар мерасонанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «ММК Агро» дидан карда, бо фаъолияти гармхона шинос шуд.
Гармхона моҳи марти соли сипаришуда бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Он ба ду қисм - гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо гардида, тамоми таҷҳизоташ аз Ҷумҳурии Корея оварда шудааст.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ таъкид кард, ки фаъолияти чунин гармхонаҳои инноватсионӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза мусоидат карда, ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот таъсири мусбат мерасонад.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, иттилоъ дода, гуфт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ба фаъолияти гармхонаву сардхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Кароматулло АТО, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 204