logo

иҷтимоиёт

ЗИ ҶӮЙЕ, КИ ХӮРДӢ АЗ ОН ОБИ ПОК...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қатъномаи 71 Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки солҳои 2018 - 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" эълон шавад ва  ин пешниҳоди  Сарвари давлати мо аз ҷониби 193 давлати ҷаҳон  дастгирӣ ёфт.
Ин даҳсола чорумин пешниҳоди кишвари мо ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад. Мақсад аз ин даҳсола, таъмин намудани кишварҳои эҳтиёҷманд бо оби тозаи нӯшокӣ  мебошад, зеро ҳоло масъалаи оби ошомиданӣ яке аз масъалаҳои глобалӣ  ба шумор меравад. Захираи оби нӯшокии  Тоҷикистон 19,3 км мукааб мебошад, ки он метавонад дар як вақти муайян ҳам  дохил ва ҳам   хориҷи кишварро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намояд. Яке аз масъалаҳое, ки  дар ин даҳсола бояд ҳалли худро ёбад, ин пиряхҳои Тоҷикистон мебошад, зеро дар 60 соли охир зиёда аз 1000 пирях об шудааст,  ки ин аз гармшавии иқлим дарак медиҳад. Бо ин мақсад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар кишвар маркази пиряхшиносӣ  ба фаъолият шурӯъ кард 
Об манбаи  ҳаёт аст. Ҳоло дар ҷаҳон 35 дарсади мардум аз оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Чуноне ки аз ташаббусҳои Пешвои миллат  бармеоянд, об бояд дар сатҳи некуаҳволии мардуми сайёра, махсусан кишварҳои эҳтиёҷманд, истифода шавад.
Имрӯзҳо 97 дарсади обҳои рӯи Замин  дар уқёнусҳо,  3 дарсади  дигар  дар  пиряхҳо ҷой гирифтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  саргаҳи обҳои ширин қарор дорад  ва танҳо 20 дарсади онро истифода мебарад, боқимонда 80 дарсади он ба кишварҳои поёноб ҷорӣ мешавад. 
Мутаассифона, дар масъалаи тозагии об шахсоне вуҷуд доранд, ки ба он муносибати хуб намекунанд, ба об сангу хок  ва дигар партовҳоро мепартоянд, ки боиси сар задани бемориҳо мегардад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  хабар медиҳад, ки ҳар 8 сония кӯдаке   аз  таъсири бади оби ошомиданӣ  ба ҳалокат мерасад. Шоире барҳақ  гуфтааст:
Зи ҷӯйе, ки хӯрдӣ  аз он оби пок,
Нашояд  фикандан дар он сангу хок.
                                                     
Муҳаммад КАРИМОВ,
Ҷамшеди ҶАҲОНГИРЗОД, курсантони коллеҷи милитсия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2021    №: 8    Мутолиа карданд: 144
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед