logo

иҷтимоиёт

ЗАМОНА ПАНДЕ ОЗОДВОР ДОД МАРО

Солҳои 60 - уми асри гузаштаро дар ҳаёти ҷумҳурӣ давраи муҳим арзёбӣ мекунанд. Ин замони боло рафтани фарҳанг ва рушди ҷомеаи Тоҷикистони Шӯравӣ ҳисобида мешуд. Аз ҷумлаи рухдодҳои сарнавиштсоз дар ҳаёти ҷумҳурӣ соли 1964 ба фаъолият пардохтани дармонгоҳи бузурге дар пойтахти кишвар ба мисли Бемористони Қарияи Боло (ҳоло “Шифобахш”) барои 1200 нафар буд. Мувофиқи талаботи он давра, танҳо табибони беш аз панҷ сол собиқаи коридоштаро ба кор мегирифтанд. Инчунин, муқаррар гардида буд, ки ба ҷуз аз табобати беморон, пизишкон мебоист ба навоҳии ҷумҳурӣ сафар карда, ба беморон ёрӣ расонанду машварат диҳанд. 
Як рӯзи поизӣ, сардухтури бемористон бандаро наздаш хонда, дастур дод, ки ҳамроҳи яке аз пизишкон ба ноҳияи Шаҳритус, ба сафари хизматӣ, меравед. Фардои он рӯз бо марди миёнақади камгапи тахминан 50 – 55 - сола тавассути автобус ба роҳ баромадем. Расидан баробар, дар меҳмонхона ҷой гирифтем. Дар наздикии меҳмонхона чойхонае буд. Бегоҳ дар ҳамин макон шом хӯрдем. Пас аз истеъмоли ғизо, 2 - 3 тикаи нон ва миқдоре нонрезаҳо рӯйи суфра монд. Ҳамроҳам аз ҷайб рӯймолчаеро бароварда, пораҳои нонро ҷамъ карда, бо худ гирифт. Фикр кардам, ки шояд шабона пас аз гурусна мондан, онро тановул мекунад.
Ҳангоми сафари хизматӣ, наваскаронро муоина мекардем. Ҳангоми танаффус, ба ҳамон чойхона мерафтем. Ҳамин минвол, ҳар рӯз ҳамроҳам нонрезаҳоро бо худ мегирифт. Аз он кас 25 - 30 сол хурдтар будам ва ростӣ аз амали табиби солор ноҳинҷор мешудам ва ин рафтори ӯро хасисӣ мепиндоштам. Аммо ҳини пардохтани ҳаққи хӯрок ӯ аз ман паст намеомад ва бо навбат ҳаққи хӯрокро ҳисобӣ мекардем. Бо гузашти тақрибан 20 рӯз аҳли кори чойхона ба мо бо назари шубҳа менигаристанд ва ин ҳолатро эҳсос намудам. 
Боре пас аз чойхона бо нонҳои ҷамъкарда бармегаштем, дар роҳ норозигии хешро баён доштам: «Ако, хоҳиш мекунам, ҳамин резаҳои нонро бо худ нагиред. Айб аст, охир”. Он кас ба ман дида дӯхта, хомӯш монданд. Баъди ба меҳмонхона расидан, ҳамроҳам парда аз роз бардоштанд: «Додарҷони азиз, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 гурӯҳи низомие, ки ман низ узви он будам, ба муҳосираи фашистон афтод. Рӯзҳову ҳафтаҳо муяссар намегашт, ки аз ин варта раҳоӣ ёбем. Захираи хӯрока ҳам тамом шуд. Ночор гиёҳҳоро ҷамъ оварда истеъмол мекардем. Ҳамин тавр, баргҳои буттаву дарахтонро мехӯрдем. Навбат ба пӯстлохи дарахтон расид. Ҳамсафон аз гуруснагӣ варам карда, як – як мемурданд. Ман низ варам овардам. Ҳар замон беҳуш мешудам. 
Чун ба худ омадам, дидам, ки дар госпиталам. Табибон гуфтанд, ки аз як дастаи калон танҳо ман зинда мондаам. Баъди сиҳат шудан, маро ҷавоб доданд. Вале аз ҳамон маврид дар талаффуз мушкилӣ пеш омад. Тавре мебинед, забонам лакнат дорад. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунам, ки камтар гап занам. Як тарафи баданам низ суст аст. Вақте ки аз ҷабҳа ба хона баргаштам, ба худ аҳд кардам, ки агар як бурда нон ёбам, онро ба чой тар карда мехӯрам ва намегузорам, ки ин неъмати бебаҳо хор шавад...». Ҳамсафарам ҳикояташро ба поён расонду ашки чашмонаш равон шуд. Ман низ ба риққат омада, оби дидагонамро дошта натавонистам ва аз ҳуҷра берун рафтам. 
Инак, аз ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 75 сол сипарӣ шуд. Аз нақли табиби ҳамкор низ беш аз панҷоҳ сол гузашт. Солҳост, ки он марди шуҷоъ дар қайди ҳаёт нестанд. 
Вақт зуд мегузарад. Солҳои 90 - уми асри гузашта, бар асари ҷанги шаҳрвандӣ, дар марзи кишвар бесарусомонӣ сар зад. Дар собиқ вилояти Кӯлоб ва навоҳии атрофи он беморӣ пайдо шуд. Як рӯзи моҳи январ маро ба ноҳияи Восеъ фиристонданд, ки беморонро муолиҷа кунам. Як моҳ дар ин минтақа қарор доштам. Ҳамон вақт дар ноҳияи Фархор беш аз 5 ҳазор нафар ба бемории гелиотроп мубтало гашта буданд. Ин беморӣ аз заҳролудшавӣ ва алафи гелиотроп буд. Дар ноҳияи Восеъ бошад, зиёда аз 500 кас ба бемории триходесмот гирифтор шуд. Ба ин беморӣ кӯдакони аз 1 - сола то мардону занони 70 - сола боло бистарӣ мегаштанд.
Баъзе беморон дар муҳити хона табобат мегирифтанд. Дар баъзе хонаҳо аз 3 то 5 бемор бистарӣ буд. Ҳар рӯз ба беморхона омада, аз ҳоли беморон хабар мегирифтам. Маълум шуд, ки дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ гандумҳоро сари вақт надаравидаанд ва алафи триходесма зироатро заҳролуд кардааст. Одамон ҳамонро хӯрда ба беморӣ мубтало шудаанд.
Дар шаҳру навоҳии ин минтақа мардум аз сабаби ҷанг ва баста будани роҳҳо маҷбур шуданд, барги дарахт, алаф, кунҷора, тухми ҷорӯб, пӯстлохи дарахтонро ҷамъ карда хӯрданд. Давоми 50 соли фаъолият дар клиникаи бемориҳои асаб чунин бемории вазнинро надида будам. Агар гелиотроп ба пайдоиши варами ҷигар сабаб шавад, заҳри триходесмот ба майнаи сар ворид шуда, онро аз кор мемонад. Дар натиҷа, қисме аз беморон ба фалаҷи дасту пой мубтало шуда, гурӯҳе ба гирифтани забон, инчунин, кам шудани ақл, каҷшавии ғӯзаи чашм, вайроншавии нутқ, бехобӣ ва, ҳатто, камақлӣ гирифтор шуданд. Барои табобати ин хел беморон солҳои тӯлонӣ лозим аст. Бисёри аз онҳо то ҳол маъюб дар хонаҳояшон бистарианд. Ҳангоми дидор бо сокинони ноҳияи Восеъ, ба нақли онҳо гӯш дода, беихтиёр суханҳои табиби ҳамсафарамро ба ёд меовардам. 
Аз баста шудани сулҳи миёни тоҷикон 24 сол сипарӣ мешавад. Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути заҳмату талошҳои хастагинопазиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолати оромиву субот қарор дорад. Сарфи назар аз каму костиҳои рӯзгор, шукрона мекунем, ки дар суфраамон нон дорем. Аммо ҳанӯз ҳам баъзе аз қишрҳои ҷомеа ба қадри нон намерасанд. Аз ёдамон нарафтааст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ даҳҳо нафар дар навбати нон ҷон додаву қисмеро парронда буданд. Ҳоло вақте ки садои кӯфтани дар баланд мешавад, кушода касонеро мебинам, ки дар даст халта, барои гову гӯсфандон нон ҷамъ меоранд. Ин тарзи рафтору муносибатро дида, ҳикояти табиби солхӯрда пеши назарам меояд. Ва қиссаи он марди солору рӯзгордида гуфтаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ “Замона панде озодвор дод маро” - ро пеши назар меорад.  
Шукрона мегӯем, ки бардаму осуда дар кишвари соҳибистиқлол рӯзгори осуда ва бо аҳли хонавода, пайвандону ҷигарбандон суфраи пурнон дорем. Шукронаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мекунем.
 
Шералӣ РАҶАБАЛИЕВ,
доктори илмҳои тиб, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2021    №: 8    Мутолиа карданд: 147
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед