logo

иҷтимоиёт

ҲАДАФ - ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА. ҶАЛАСАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР РӮЗНОМАИ “ҶУМҲУРИЯТ”

Дар маҷлисгоҳи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҷаласаи навбатии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - “Ҷумҳурият” баргузор гардид. Дар он муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Муҳаммадзоиршо Шарифзода ва раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Зариф Сафаров, ҳамчунин, кормандони идораи рӯзнома, аъзои ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд. 
 
Нахуст, ҷонибҳо ҳозиронро бо фарорасии Соли нави милодӣ шодбош гуфта, ба масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли сипаришуда ва нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар пешрафти соҳаҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд. 
Зариф Сафаров, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, иброз дошт, ки соли сипаригашта барои кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон соли осон набуд. Паҳн гардидани бемории сироятии COVID – 19 ба ҳама соҳаҳои мамлакат таъсири бади худро гузошт. Аммо ба ин нигоҳ накарда, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистем аз пандемияи коронавирус ба зудӣ раҳо ёбем. 
- Соҳибиродагӣ ва масъулиятшиносӣ аз рукнҳои асосии ҳизб ба ҳисоб мераванд, ки маҳз дар рӯзҳои ба ҳама мушкили пандемия тамоми сохтору идораҳо, ташкилоту ҷамъиятҳо ва аъзоёни ҳизб аз ин амалҳо кор гирифтанд, - гуфт Зариф Сафаров. 
Дар ҷараёни ҷаласа, ҳамчунин, таъкид гардид, ки имрӯз ҳизб ба қувваи бузург табдил ёфта, ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкили мардум расидагӣ мекунад. Ташкилотҳои ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки барои ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан – Модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монанд. Махсусан, ба масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, таваҷҷуҳи бештар дода шавад.
Ҳамин тариқ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар масъалаҳои иҷтимоӣ, балки ҳамчун неруи созанда ва бунёдкору пешбарандаи дигар соҳаҳо баҳри рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои назаррасро анҷом медиҳад.
Ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - “Ҷумҳурият” дар навбати худ дар доираи татбиқи барномаҳои ҳизб масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва проблемаҳои ҷомеаро пайваста инъикос намуда, ҷиҳати ворид шудан ба сатҳи нави рушди устувори иқтисодӣ талош дорад.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2021    №: 9    Мутолиа карданд: 96
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед