logo

иҷтимоиёт

ДАРВОЗ. ФАСЛИ САРДУ ДИЛИ ГАРМИ МАРДУМ

Аз аввали моҳи декабри соли 2020 дар  ноҳияи Дарвоз, алалхусус дар деҳоти баландкӯҳи Сағирдашт ва мавзеъҳои Амшуну Хост, Дашти Луч ва Висхарв, барфи баланд борид. Лекин сардии зимистон боиси нигаронии сокинон нагардид. Сабабаш он аст, ки   мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии   ноҳияи Дарвоз, ҷамоатҳои деҳот ва  идораву муассисаҳо бо ҳамдастии соҳибкорон дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба иҷрои  Қарори Ҳукумати кишвар «Дар бораи сари вақт   омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2020 - 2021» хуб ба ҷо оварданд. 
Ба гуфтаи  мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Ёқуб Сафарализода,  дар иҷрои бандҳои қарор  аз ҷониби масъулин  як қатор корҳои назаррас ба ҷо оварда шуданд. Омодагиҳо ба давраи сард таҳти назорати  ситоди махсус оид ба зимистонгузаронӣ  бо роҳбарии муовини аввали раиси ноҳия Ҳаким Давлатзода қарор  дорад.
Пеш аз ҳама, ба марказ ва ҳудуди чор деҳот, аз ҳама аввал ба 17 рустои деҳоти Сағирдашт бештар аз 3100 тонна ангишти хушсифат аз конҳои Фон Яғноб ва Зиддии ноҳияҳои Айнӣ ва Варзоб ворид гашт. Ба ғайр аз ин, барои фасли сармо  бештар аз 3200 мукааб-метр ҳезум захира гардид. Аввалан, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳанг ва аҳолии  деҳаҳои дурдаст ва баландкӯҳ бо сӯзишворӣ таъмин шуданд. 
Дар ноҳия 12 нуқтаи фурӯши ангишт ва 4 нуқтаи  фурӯши гази моеъ фаъол аст. Дар бозору марказҳои савдои шаҳраки Қалъаихумб ва деҳот ба қадри кофӣ маводи ғизоӣ, либоси гарм, асбобу анҷом ва ашёҳои рӯзгор мавҷуданд. Хати баландшиддати барқи Шугнов – Сангвор – Сағирдашт - Қалъаихумб – Ванҷ  ва неругоҳҳои барқи обии «Ширг-1» ва «Ширг-2» бо иқтидори пурра кор мекунанд.
Зикр бояд кард, ки  то даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари  баста шудани роҳи ағбаи Хобурубот ба ноҳияи Дарвоз ва дигар манотиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон ворид кардани ангишт ва дигар маводи ниёзи мардум қатъ мегардид. Ҳоло шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ - Мурғоб - Кулма  дар чор фасли сол кушода асту намудҳои сӯзишворӣ  ва молу маводи зарурӣ, пеш аз ҳама, хӯрокворӣ дар  фасли зимистон ба ВМКБ шабу рӯз дастрас мешаванд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2021    №: 9    Мутолиа карданд: 85
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед