logo

иҷтимоиёт

ВАҚТИ АМАЛ ОМАД. ҶОИЗА БАРОИ ОЛИМОНУ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба нақш ва мақоми олимону омӯзгорон баҳои баланд дода, барои донишандӯзӣ ва корҳои илмию озмоишии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҳамзамон, дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нави инноватсионӣ онҳоро ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунанд.
Намунаи барҷастаи ин ғамхориҳо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзист, ки чанде пеш бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Ҷоизаи давлатӣ ба олимон барои натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ - техникӣ, коркард ва азхудкунии техника, кашфиёту ихтироот, ки тақвиятдиҳандаи рушди иқтисодиёт ва иқтидори мудофиавии мамлакат мебошад, дода мешавад.
Ҳамчунин, ба омӯзгорон барои навоварӣ дар таҷрибаи педагогӣ, мақолаҳои илмию методӣ, патент барои ихтироот, дастур ва китобҳои дарсии нашршуда, омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, сатҳи забондонӣ, ҳамкории омӯзгор бо хонанда тақдим мегардад.
Озмун барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ барои олимон дар ду давр: дохилиидоравӣ (муассисае, ки олим фаъолият мекунад) ва ҷумҳуриявӣ, барои омӯзгорон дар се давр: шаҳрӣ (ноҳиявӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мегузарад.
Мукофоти пулӣ барои ҳар як ғолиб 20 000 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин робита, ҳарчи бештар шудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, кашфу ихтироот ва корҳои эҷодиву фарҳангии олимону омӯзгорон айни муддаост. Зеро, мо ҳама умедворем, ки ояндаро айнан ҳамин қишрҳои ҷомеа бунёд мекунанд. 
Азбаски фанҳои дақиқ ва риёзӣ бо техникаву технологияи навин алоқамандии зич доранд, метавонем тавассути интернет, ки хазинаи бузурги маълумот ва воситаи беҳтарини муошират аст, ба ҷаҳониён гӯшаҳои сайёҳии кишвар, манзараҳои дилрабо, олами ҳайвоноту наботот, қадамҷоҳои таърихӣ ва бузургони илму адабамонро муаррифӣ намоем. Аксбардор метавонад аксҳои беҳтарин гузорад, ҳунарманд дастранҷи меъмориву кандакории худ, аҳли санъат навору намунаҳои ҳунарии худ ва қаламкашон асарҳои гуногунжанри худро  пешкаши мухлисони маҷозии худ намоянд.
Ҷавонони мо аз интернет, ки уқёнуси беканореро мемонад, хуб баҳра мебаранд. Имкониятҳои пурвусъат ва ҳайратовари ин шабакаи иттилоотиро хуб дарк кардаанд. 
Ба шарофати эълон шудани Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ, бовар дорем, ки сабқатҳои илмӣ, озмунҳои илмиву интеллектуалӣ  ва чорабиниҳои гуногун бо иштироку иқдоми ҷавонон вусъати тоза мегирад. 
 
Барно НЕЪМАТОВА,
омӯзгори МТМУ № 72, ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2021    №: 9    Мутолиа карданд: 85
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед