Хабарҳо
ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД
Дар Вазорати фарҳанг ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи ситоди корӣ доир шуд.
Дар он масъалаҳои татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик баррасӣ гардиданд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба ташаккули раванди неруи эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нави бахши оҳангсозӣ ва иҷрокунандагӣ, рушди санъати мусиқии касбии миллӣ, эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, инчунин, оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ ва ташаккули фарҳанги мусиқии муосири тоҷик дар назди масъулини дахлдори мамлакат вазифаҳои мушаххас гузошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 300