logo

иҷтимоиёт

ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

 
Телевизион воситаест барои инъикоси набзи рӯзгори ҷомеа. Вазифаи асосии он расондани иттилооти марбут ба масоили фарҳангӣ-фароғатӣ, иҷтимоӣ-педагогӣ, ташкилотчигӣ, маърифатӣ ва рекламавӣ мебошад. Имрӯз телевизион ҷаҳонро фаро гирифта, давлату миллатҳо, қавму наслҳои гуногун, мардумони рӯйи Заминро бо ҳам наздик кардааст. Кормандони телевизион вазифадоранд, ки ҳар як ҳодисаву воқеаро таҳлил намуда, барои беҳтар гардидани ҳаёти одамон кумак расонанд. Шарҳу эзоҳи ҳар як масъала, баррасиву таҳлили ҳамаҷонибаи ҳар як рӯйдод ба маҳорати журналист вобаста аст. Ҳар рӯз дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд, ки журналист бояд чун чашму гӯши давлат ҷиҳатҳои мусбату манфии онҳоро бозгӯ кунад. 
 
Имрӯз дар бораи таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо самимият ҳарф мезанем. Зеро вуруди халқи тоҷик ба ҷаҳони нави ҷомеаи кушоди иттилоотӣ натиҷаи тозакориву пешравиҳост, ки моро ба олами мутамаддин мепайвандад. 
Дар асри XXI мавқеи телевизион дар танзими ВАО-и муосир, ки ҳастии ҷомеаро фаро гирифтааст, хеле бузургу назаррас мебошад. Ҳар воқеаву рухдоди олами муосирро мо аз ҷойи воқеа дар хона метавонем бо чашмони худамон бубинем, дар борааш таассуроти амиқе пайдо кунем. Ҳамаи ин ба туфайли пешравии технологияи коммуникатсионӣ имконпазир гардидааст. 
Имрӯз Тоҷикистон чун дигар мамолики пешқадам дар тамаддуни ҷаҳонӣ мавқеи хоса дорад. Ва дар ин масир инъикоси ҷанбаҳои мухталифи бахшҳои гуногун аз ҷониби ВАО басо муҳим аст. Хушбахтона, дар аксари вазорату кумитаҳо, идораву корхонаҳо бахшҳои махсус ва марказҳои иттилоотӣ фаъолият мекунанд, ки дар воқиф сохтани ҷомеа аз кору фаъолияти ин ниҳодҳо саҳми назаррас доранд.
Маҳз баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон телевизион марҳилаи таърихан навро ба худ касб кард. Барои ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидан ва пойдории он нақши телевизион ҳамчун яке аз воситаҳои асосии ахбори омма нотакрор ва таърихист. Ба ҳамин мазмун Сарвари давлат чунин гуфта буданд: «Телевизион ва радио ду неруи бузургеанд, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти нақшаҳои бузурги созандагӣ ва амалӣ гардонидани ормонҳои бунёдии як кишвари соҳибистиқлолу озоди демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳанд намуд». 
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сафи шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявию маҳаллӣ зиёд гардида, боиси мавқеи мустаҳкам пайдо намудани телевизион дар байни воситаҳои ахбори омма шудааст. Аз ҷумла, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон», Телевизиони «Варзиш», Телевизиони «Синамо», Телевизиони «Футбол», ба кор оғоз карданд ва, ҳамчунин, ба моҳвора пайваст гардиданд, ки имконияти тамошои намоишҳои онҳо дар дигар кишварҳо ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи таърихӣ водор месозад, ки сифати намоишҳои телевизионҳои кишвар боло бурда шавад ва дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, фарҳангу ҳунари миллӣ кормандон масъулияти бештаре дошта бошанд.
Аз ҷониби дигар, дар рақобати иттилоотӣ ва таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар саҳми бештаре дошта бошад, ки дар замони рақобати шадиди иттилоотӣ ва таҳоҷуми фарҳангҳо он яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти рӯзмарраи телевизионҳои ҷумҳурӣ хоҳад буд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз доираи фарогири шабакаҳои телевизиони давлатӣ дар мамлакат то ба 99,7 дарсад мерасад.
Аз ин лиҳоз, рӯзноманигорони телевизионро зарур аст, ки маҳз дар замони муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ ё бархӯрди манфиату тамаддунҳои ҷаҳони муосир масъулияти баланди касбиро эҳсос намоянд. Телевизион бояд насли имрӯз ва фардоро сӯи арзишҳои солиму ибратбахши ҷомеаи башар ҳидоят намуда, дар тарбия ва ташаккули маънавиёти тамоми қишрҳои ҷомеа, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, муқаддасоти миллӣ, устувории давлати тоҷикон, тарбия созад ва ба ин васила дар соҳибнуфуз гардондани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши бориз гузорад.
 
Ҳасанҷон АЛАМШОЕВ,
магистри бахши дуюми ДДФСТ 
ба номи М. Турсунзода, аз рӯи ихтисоси 
рӯзноманигори телевизион


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2021    №: 11    Мутолиа карданд: 119
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед