Хабарҳо
СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ
Sputnik. Мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус гуфт, ки имрӯз дар 49 кишвари доро эмкунии сартосарӣ аз коронавирус идома дорад.
Ба ин мамлакатҳо беш аз 39 миллион воя ваксина дастрас шуд. Дар баробари ин, дар яке аз кишварҳои камбағалтарини дунё танҳо 25 нафар эм гирифт. «Ҷаҳон дар рӯбарӯи хатои ҷиддии маънавӣ қарор гирифтааст, ки нархи он ҳалокати инсонҳо ё мушкилоти зиндагӣ дар кишварҳои қашшоқ мебошад", - изҳори нигаронии ҷиддӣ намуд Гебрейесус.
Бино ба таъкидаш, ин аз вайрон шудани як принсипи муҳими башардӯстона шаҳодат медиҳад, ки мувофиқи он ҳама одамон бояд ба ваксинаҳои зидди коронавирус дастрасии баробар дошта бошанд. Роҳбари СҶТ афзуд, ки баъзе давлатҳо принсипи тақсимоти одилонаи ваксинаро дастгирӣ мекунанд, аммо нархро баланд мебардоранд ва созишномаҳои дуҷониба мебанданд.
ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ ЗАМИНЛАРЗАИ ИНДОНЕЗИЯ БА 84 НАФАР РАСИД
CNN Indonesia. Дар ин бора Агентии миллии мубориза бо офати табиати кишвар иттилоъ дод.
Манбаъ афзудааст, ки аз офат 253 нафар ҷароҳати вазнин бардошт, 679 тан осеби сабуктар дид. Он, ҳамчунин, боиси харобшавии 1150 манзил гашт.
Ёдрас мешавем, ки заминҷунбии 6,2 балӣ 14 январ дар музофоти Сулавесии Ғарбии Индонезия ба амал омад. Бисёр биною иншоот, аз ҷумла бинои ҳукумати музофот, даҳҳо муассисаи таълимӣ ва ҷамъиятӣ валангор шуданд. Тақрибан 20 ҳазор нафарро ба маҳалҳои амн кӯчонданд.
АФЗОИШИ ММД - И ЧИН ДАР СОЛИ 2020 БЕШТАР АЗ ЧАШМДОШТ ШУД
INTERFAX.RU. Иқтисоди кишвар баъди уфти сахт дар семоҳаи аввали соли гузашта дар ниҳоят 2,3 дарсад боло рафт.
Чунин суръати рушд дар чор даҳсолаи охир камтарин бошад ҳам, Чин миёни кишварҳои абарқудрат эҳтимол ягона давлатест, ки дар манзари пандемияи COVID-19 иқтисодаш пеш рафт. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли гузашта ММД ИМА 3,6 дарсад, минтақаи Аврупо 7,4 дарсад ва ММД глобалӣ 4,3 дарсад коҳиш ёфт.
ММД Чин дар семоҳаи чорум 6,5 дарсад зиёд шуд ва ҳамин тавр, суръати рушди иқтисод дар охири сол ба дараҷаи тобуҳронӣ баргашт.
АВРУПОРО ЗИМИСТОНИ ҚАҲРАТУН ФАРО ГИРИФТ
Associated Press. Дар бисёр кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳарорат ба таври рекордӣ сард шуд.
Дар баъзе навоҳии Лаҳистон шаби душанбе ҳарорати ҳаво бори аввал дар 11 сол 28 дараҷа сард гашт. Дар Чехия низ сардтарин шаб ба қайд гирифта шуд: дар аксар маҳалҳои мамлакат он ба 20 дараҷа расид. Дар Олмон барфи бисёр борида, дарахти зиёдеро афтонд, садамаҳои автомобилӣ зиёд рӯй доданд.
Барф дар Истанбул ҳаракати нақлиётро боздошт, дар Испания низ ҳарорат ба таври рекордӣ сард омад. Дар ду музофоти мамлакат он ба 20 дараҷа расид.
ӮЗБЕКИСТОН: СОЛИ 2020 БЕШ АЗ 1700 МАНСАБДОР БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИДА ШУД
Zakon.uz. Прокуратураи генералӣ омори ҷиноятҳои мансабӣ дар соли 2020 - ро интишор дод.
Мувофиқи он порсол дар мамлакат аз рӯйи 1148 парвандаи ҷиноятӣ 1723 шахси мансабдор дар назди қонун ҷавоб гуфт, ки аз онҳо 9 нафар корманди вазорат, муассисаю ташкилоти ҷумҳуриявӣ, 45 нафар аз вилоят ва 1669 корманд аз мақомоти ноҳиявӣ мебошанд.
Дар натиҷаи ҷиноятҳои мансабӣ онҳо ба давлат ва ҷамъият 500,1 миллиард сӯм зарар расондаанд, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ аз он 355,7 миллиард сӯмаш рӯёнда шуд.
ИХТИРОИ РОБОТЕ, КИ 5 ҲАЗОР НАМУД ҒИЗО МЕПАЗАД
АИР "Новости". Дар намоишгоҳи CES 2021 ширкати британии Moley Robotics роботеро пешниҳод кард, ки метавонад мустақилона хӯрокҳои мураккаб пазад.
Он ду даст дорад, ки ба гуфтаи ихтироъкорон, ба ҳаракатҳои инсон дақиқ тақлид мекунад. Робот қодир аст, ки маҳсулоти заруриро аз раф ё яхдон гирифта, пора созад, бирён кунад, ҷӯшонад ё пазад. Омехта кардану интихоби ҳарорати заруриро дар ин миён фаромӯш намекунад. Барои ҳаракат дар фазо системаи мураккаби камераҳо ва сенсорҳо истифода шудаанд. Агар чизе рехта шавад, робот худаш тоза мекунад. Вай, инчунин, метавонад зарфҳоро бишӯяд.
Дар хотираи робот беш аз панҷ ҳазор анвои ғизо мавҷуд аст. Корбарон метавонанд мустақилона ба он хӯрокҳои писандашонро илова кунанд. Арзиши «таббохи оҳанӣ» аз 30 то 55 ҳазор фунт стерлинг (40,8 ҳазор - 74,8 ҳазор доллар) мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 279