logo

Хабарҳо

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРИИ ТЕХНОЛОГИЯИ КОРКАРДИ ФОСФОРИТҲО

Олимони Институти иқтисодиёт ва демография дар ҳамкорӣ бо олимони Институти химияи ба номи В. И. Никитини Академияи миллии илмҳои кишвар лоиҳаи сармоягузорӣ ва технологияи коркарди фосфоритҳоро (маъдане, ки дар зироаткорӣ ҳамчун нурӣ кор фармуда мешавад) аз конҳои кишвар омода менамоянд.
Бино ба иттилои дастрасшуда олимон дар озмоишгоҳҳояшон, аллакай, як миқдори чунин маводро истеҳсол намудаанд. Аммо тибқи нақша барои истеҳсоли васеи фосфорит бояд, ки корхонаи калони истеҳсолӣ  сохта шавад. Дар кишвари мо нуриҳои фосфорӣ ба миқдори хеле кам истеҳсол мегарданд. Ба ин хотир ва барои қонеъ намудани талаботи соҳаи кишоварзӣ ҳамасола аз хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 20 миллион доллар нурӣ ворид мегардад.  
 
 
ЗАҲРИ МОР ҲАМ ДОРУВОР
Кормандони Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон ба хотири омода намудани маводи доруӣ  заҳри мор ҷамъ меоваранд.
Ба ин хотир, ҳоло дар серпентария (морхона) - и пажӯҳишгоҳ ду навъи мор – кубро ва гурзо, ки намудҳои нодир буда, ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил шудаанд, парвариш меёбад.
Собит шуда, ки ҳар ду намуди мор заҳри барои инсон марговар дорад.  Аммо, бо вуҷуди ин, заҳри онҳо дар тиб барои тайёр намудани доруҳои гаронарзиш васеъ истифода мешавад. Ҳоло аз заҳри онҳо доруҳои гуногун, ба мисли «Наятокс», «Випросал», «Випраксин» омода мешаванд. Ин доруҳо барои таскин бахшидани дардҳои шадиди радикулит, ревматизм, шамолхӯрии мушакҳо истифода мегарданд. Айни замон онҳо аз хориҷи кишвар ворид мешаванд.
- Бо парвариши морҳо метавон истеҳсоли чунин доруҳоро дар дохили кишвар низ  роҳандозӣ намуд. Барои ин кормандони соҳаи тиб, фармакология ва кимиё бояд, ки дар якҷоягӣ талош намоянд, - мегӯянд коршиносон.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 228
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед