Хабарҳо
ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ
Gazeta.ru. Шабонарӯзи гузашта дар мамлакат боз 21 734 ҳодисаи нави сироят ба қайд гирифта шуд, - омадааст дар хабари ситоди вижа оид ба COVID-19.
Ҳамзамон, 23 262 нафар шифо ёфт, 586 нафар фавтид. Аз ибтидои пандемия то имрӯз 3612800 кас мубталои вируси нав гардид, 3002026 нафарро табибон шифо бахшиданд.
Чуноне вазири тандурустии ФР Михаил Мурашко изҳор дошт, барои табобати гирифторони COVID-19 беш аз 600 ҳазор корманди тиб ҷалб шудааст. Ӯ афзуд, ки дар ин кор ба онҳо 24 ҳазор волонтёр ёрӣ мерасонад.
ТУРИЗМИ ИСПАНИЯ СОЛИ ВАЗНИНТАРИНРО АЗ САР ГУЗАРОНД
El Pais. Порсол ба кишвар камтар аз 20 миллион хориҷӣ ташриф овард ва даромади соҳаи сайёҳӣ якбора 75 дарсад кам шуд.
Мавриди зикр аст, ки соли 1969 ба тамошои Испания қариб 21,7 миллион сайёҳи хориҷӣ омада буд, соле пеш бошад - наздики 19,2 миллион. Натиҷаҳои соли 2020 бар асари сахти пандемияи коронавирус ҳатто камтар аз сатҳи соли 1967 мебошанд, яъне тақрибан 17,8 миллион нафар.
Даромади соҳаи туризм соли гузашта 46 миллиард евроро ташкил дод, ки назар ба як соли пеш 110 миллиард евро кам аст. Ба ҷазираҳои маъруфи Канар буду шуд қариб 4 миллион сайёҳи хориҷӣ омад. Ҳол он ки соли 2019 дар ин ҷо 13 миллион сайёҳро пазиро шуда буданд.
ДАР ҶОПОН БАРФИ ЗИЁД БОИСИ ҲАЛОКАТИ 60 НАФАР ШУД
REGNUM. «Дар кишвар барфи зиёд на танҳо низоми ҳаракати нақлиётро барҳам зад, балки ба ҳалокати 60 нафар сабаб гашт», - гуфт вазири замини давлатӣ, инфрасохтор, нақлиёт ва туризм Кадзуеси Акаба.
Ба гуфтаи вазир, Ҳукумати мамлакат ба навоҳие, ки дар барфрӯбӣ душворӣ мекашанд, ёрии фаврии молиявӣ хоҳанд расонд. Давлат фавран миқдори зарурии маблағро ҳисоб карда, барои барфтозакунии бехавф ёрӣ мерасонад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 228