Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
АИР "Новости". «Президенти ИМА Ҷо Байден бо Россия мехоҳад паймон оид ба тадбирҳои минбаъда кам ва маҳдудсозии силоҳи стратегии ҳуҷумро тамдид намояд», - изҳор дошт номзад ба мансаби котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен.
ТАСС. «Дар Россия «шиносномаи COVID»-ӣ барои нафароне, ки зидди коронавирус эм гирифтаанд, роҳандозӣ намешавад», - гуфт Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко.
Gazeta.ru. «Дар Чеченистон саркардаи гурӯҳи террористӣ Аслан Бютукаев ва шаш ҷангӣ маҳв шуданд»,- иттилоъ дод сарвари кишвар Рамзан Қодиров.
EFE. Аз таркиши сахт дар маркази пойтахти Испания се нафар ҳалок, чор нафар захмӣ ва чор ошёнаи яке аз биноҳо хароб гашт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1099