Хабарҳо
НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД
Sputnik. Филмнома ё худ сенарияи Аниса Собирӣ дар London Film School беҳтарин эътироф гардид, - хабар дод котиботи ин муассисаи таълимӣ.
Филмномаи "Таноб" – "Tightrope" аз миёни шаш сенарияи дигар беҳтарин пазируфта шуд. Сенария аз саргузашти сарбози асире қисса мекунад, ки аз Афғонистон ба ватанаш, шаҳри Дардобод бармегардад. Собиқ низомӣ зодгоҳашро комилан дигаргуна ёфт. Маъюберо мебинад, ки замоне ситораи балет буд, ҳамсарашро низ пайдо мекунад, ки аз ӯ рӯй мегардонад.
Филмномаи Аниса Собирӣ, аллакай мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Созишнома низ бо продюссери шинохтаи бритонӣ Люк Шиллер баста шуд, ки бо Тилдо Суинтон ва Тосин Коул кор кардааст. Интизор меравад, ки нахустин филми муштараки тоҷику британӣ дар ҳудуди Тоҷикистон рӯйи навор меояд.
ҶО БАЙДЕН ЧУН ПРЕЗИДЕНТИ ИМА БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД
«КоммерсантЪ». 20 январ дар Вашингтон маросими савгандхӯрии Президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден баргузор гашт. Тибқи анъана, ӯ ва ноиби президент Камала Ҳаррис дар назди бинои конгресси кишвар ботантана савганд ёд карданд.
Зимни суханронии вижа Байден иброз дошт, ки бо интихоби ӯ демократия пирӯз шуд. «Ин рӯз барои Амрико рӯзи демократия аст. Рӯзи таърихӣ ва умед ба таҷдид аст», - зикр намуд ӯ.
Президенти нав, аллакай нахустин фармонҳоро ба тасвиб расонд. Аз ҷумла, бо тасмими Байден қарори деворбардорӣ дар сарҳад бо Мексика лағв карда шуд, ИМА ба муоҳидаи иқлимии Париж ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бармегардад. Ӯ, ҳамчунин, ҷиҳати тақвияти мубориза бо пандемияи коронавирус дар саросари кишвар барномаи «100 рӯзи ниқобпӯшӣ»-ро роҳандозӣ намуд.
«ШТАММИ БРИТАНӢ»-И COVID-19 ДАР 60 КИШВАР
INTERFAX.RU. Намуди нави сироятноктари коронавирус, ки бори аввал моҳи декабр дар Британия ошкор карда буданд, феълан ба 60 давлати дунё раҳ ёфт, - гуфта мешавад дар гузориши ҳафтаинаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
Дар СҶТ тавзеҳ доданд, ки дар як ҳафта боз дар 10 мамлакати дигар аз ин вирус сироят шуданд. Ғайр аз ин, дар 23 давлат сироятёбӣ аз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ошкор гардид. Назар ба ҳафтаи пешина боз шаҳрвандони се кишвари дигар ба штамм мубтало шудаанд.
ОЛИМОН МУҲЛАТИ ТАШАККУЛИ МАСУНИЯТИ ТӮЛОНӢ БА SARS-COV-2-РО ГУФТАНД
Nature. Коршиносони амрикоӣ пажӯҳиш гузаронданд, ки дар чанд муддат масуният ба вируси нав пайдо мешавад.
Дар тадқиқот беш аз 100 нафар иштирок дошт. Тибқи маълумоти интишордода, дар ин раванд В-ҳуҷайраҳои хотира нақши бориз мебозанд, зеро маҳз онҳо масъули ҳосилшавии потан (антитела) мебошанд.
Чуноне олимон муқаррар намуданд, В-ҳуҷайраҳо дар муддати ним сол масуниятро ташаккул медиҳанд, ки он қодир аст организмро аз COVID - 19 ҳимоя созад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 278