logo

Хабарҳо

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорвои ширӣ дар водиҳо ва гӯштӣ дар миёнакӯҳҳо парвариш меёбад. 
Баҳри беҳтар  кардани  маҳсулнокии чорво ва истеҳсоли шир хушзоткунӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо роҳи илмию таҷрибавӣ ба роҳ монда шуд, - гуфт Наҷмиддин Раҷабов, муовини директор оид ба корҳои илмии Институти чорводории АИКТ, номзади илмҳои кишоварзӣ. - Тадқиқоти бисёрсола собит намуданд, ки аз хориҷа ба ҷумҳурӣ ворид кардани чорво на ҳамеша натиҷаи хуб медиҳад. Ҳангоми аз Қазоқистон ва Беларус овардани чорво камаш 7-8 сол лозим аст, ки он ба шароити Тоҷикистон мутобиқ шавад. Типи говҳои зоти  сиёҳало ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқ буда, соле як сар модагов 5-7 ҳазор литр шир медиҳад, гӯсолаҳояш дар 18 - моҳагӣ 350-400 килограмм вазн гирифта, бордор мешаванд. 
Ба гуфтаи олимони соҳа, чорвое, ки дар деҳот парвариш меёбанд, каммаҳсуланд. Аз ин рӯ, вақти  сермаҳсулгардонии навъҳои ватанӣ фаро расидааст. 
- Албатта, олимони институти мо ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар самти сермаҳсул кардани чорво кор мебаранд. Мо бояд кӯшиш намоем, ки лоақал талаботи аҳолии мамлакатро бо маҳсулоти худӣ пурра қонеъ созем. Масалан, дар як давраи ширдиҳӣ  то 5 ҳазор литр гирем. Ин танҳо дар он сурат муяссар мегардад, ки мо шароиту иқлими ҳар маҳалро ба назар гирифта, технологияи тайёр намудани хӯроки чорво, тарзи дурусти нигоҳ доштан, парвариши мақсаднок, маданияти баланди чорводориро ташкил карда тавонем, - таъкид дошт Наҷмиддин Раҷабов. 
Ба гуфтаи Наҷмиддин Раҷабов, ҳоло дар бисёр кишварҳо чорводории интенсивӣ роҳандозӣ шудааст, яъне аз ҳар сар чорво дар як сол ба ҷои  2,5 ҳазор 5 ҳазор литр шир медӯшанд, олимони тоҷик ҳам дар ин самт ба комёбиҳо ноил гаштаанд. Агар дастовардҳои илмии олимони ватаниро дастгирӣ намуда, онро дар истеҳсолот ҷорӣ намоем,  мо ҳам метавонем 10 сар чорворо хуб парвариш карда, маҳсулнокии 100 сарро ба даст биёрем. 
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 298
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед