Хабарҳо
ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси шаҳр Абдуқодир Вализода корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикии «Ҳаким» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Чуноне иттилоъ дода мешавад, дар он таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Туркия дастрас ва васлу насб гардид. Дар коргоҳ ба ҷуз тирезаву дар, инчунин, мизу курсӣ ва дигар намуди мебел истеҳсол хоҳад шуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода таваҷҷуҳи соҳибмулк ва коргарони корхонаро ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хушсифат ҷалб намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 313