Хабарҳо
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири мамлакат, раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии шӯро доир гашт.
Дар он ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и «Суғд», «Данғара», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Кӯлоб» шунида шуд.
Таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсу-лоти ба содирот нигарондашуда мебошад.
Давлаталӣ Саид камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи ҳар минтақаи озоди иқтисодиро зикр намуда, ба роҳбарони он вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 205