logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЗАМИНСОЗӢ»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» аз 5 январи соли 2008  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 2, мод. 21; с. 2016, №7, мод. 621) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати якум калимаҳои «манзараҳои табиат» ба калимаҳои «манзараҳои табиӣ» иваз карда шаванд;
- сархатҳои чорум ва ҳабдаҳум хориҷ карда шаванд;
- дар сархатҳои панҷум ва ҳаштум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- сархати ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- объектҳои заминсозӣ – ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ,  маҳалҳои аҳолинишин, ҳудуди заминистифодабарӣ, қитъаи замин ва қисмҳои онҳо»;
- дар сархати ёздаҳум калимаи «шудааст» ба калимаи «мешаванд» иваз карда шавад; 
- аз сархати понздаҳум калимаи «(консерватсия)» хориҷ карда шавад;
- сархати шонздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- барқарорсозии замин – маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои барқарор кардани қабати ҳосилхези хок амалӣ карда мешаванд;».
2. Дар сархати даҳуми моддаи 1, сархатҳои нуҳум ва даҳуми моддаи 3, сархати дуюми қисми якуми моддаи 5, қисми якуми моддаи 24 ва сархати сеюми қисми дуюми моддаи 30 калимаҳои «воҳидҳои марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Сархати дуюми моддаи 3 хориҷ карда шавад.
5. Моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 4. Принсипҳои заминсозӣ
Заминсозӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- таъмини заминистифодабарии устувор;
- мувофиқати манфиатҳои иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- афзалият додан ба заминистифодабарии кишоварзӣ;
- самаранокии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии ташкили ҳудудҳо;
- муҳайё сохтани шароит барои шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ;
- таъмини яклухтии қитъаҳои замин ҳангоми ташкили заминистифодабарии нав;
- ошкорбаёнӣ дар гузаронидан ва ташвиқи чорабиниҳои заминсозӣ.».
6. Дар моддаи 5:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 5. Мақсад ва вазифаҳои заминсозӣ»;
- қисми якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Мақсади заминсозӣ аз таъмини истифодаи пурра, оқилона ва самараноки замин, фароҳам овардани шароити мусоиди экологӣ ва беҳдошти манзараҳои табиӣ иборат мебошад.».
7. Дар моддаи 10 калимаи «хеш» ба калимаи «худ» иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 16:
- дар қисми якум калимаи «равона» ба калимаи «амалӣ» иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаи «мегирад» ба калимаи «мегиранд» иваз карда шавад.
9. Дар қисми дуюми моддаи 18 калимаҳои «гузаронидани рекултиватсияи» ва «консерватсия,» мувофиқан ба калимаҳои «барқарорсозии» ва «боздоштан ва ё» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 19:
- дар қисми чорум қалимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаҳои «ҳудуди воҳидҳои алоҳидаи марзиву маъмурӣ ё» ба калимаҳои «воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва» иваз карда шаванд.
11. Дар қисми дуюми моддаи 20 калимаи «геоботаникаи» ба калимаҳои «маълумоти геоботаникии» иваз карда шавад.
12. Дар қисми дуюми моддаи 21 калимаҳои  «, дигар соҳаҳо пешбинӣ карда» ва «қаламравии» мувофиқан ва калимаҳои «ва соҳаҳои дигарро пешбинӣ намуда,» ва «ҳудудии» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 22:
- дар матни модда калимаи «амалҳои» ба калимаҳои «амалигардонии чораҳои» иваз карда шавад;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«- вобаста ба масоҳат ва андозаи заминҳо шинондани ниҳолҳои муҳофизаткунанда ҷиҳати ҳифз аз бодлесшавӣ;»;
- дар сархати шашум калимаҳои «эрозияи обӣ» ба калимаи «шусташавӣ» иваз карда шаванд.
14. Дар қисми дуюми моддаи 23 калимаҳои «мақомоти меъморӣ, заминсозӣ, назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат, дигар мақомоти шаҳрсозӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии  батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ» иваз карда шаванд.
15. Аз сархати якуми моддаи 25 калимаҳои «ҳангоми хурду калон кардани онҳо» хориҷ карда шаванд. 
16. Дар моддаи 28:
- дар қисми дуюм калимаҳои «манзараҳои табиат» ба калимаҳои «манзараҳои табиӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми сеюм калимаҳои «эрозияи шамолӣ ва обӣ» ба калимаҳои «бодлесшавӣ ва шусташавӣ» иваз карда шаванд.
17. Дар моддаи 30:
- дар қисми якум калимаҳои «аз онҳо» ба калимаҳои «дар заминаи онҳо» иваз карда шаванд;
- дар сархати шашуми қисми дуюм калимаҳои «рекултиватсияи» ва «эрозияи шамолӣ ва обӣ» мувофиқан ба калимаҳои «барқарорсозии» ва «бодлесшавӣ ва шусташавӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1760
 
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2020, № 269
 
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,               моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 25 январи соли 2021, № 120

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2021    №: 22 - 23    Мутолиа карданд: 1039
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед