logo

ҳуқуқ

САРГАРДОНӢ. АЗ БЕКОРШАВИИ ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯ ТО ҲАЛНОМАИ БАҲСБАРАНГЕЗ

 
Дар Суди Олӣ мақолаи шаҳрванд Хуршед Нозимов таҳти унвони «Саргардонӣ. Аз бекоршавии қарори раиси ноҳия то ҳалномаи баҳсбарангез», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 24 декабри соли 2020, № 246 (24 101) ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш қарор гирифт.
 
Муайян гардид, ки бо ҳалномаи суди ноҳияи Файзобод аз 13 апрели соли 2020 аризаи даъвогии И. Ш. Шарипов, Н. С. Юнусов ва дигарон бо ҷавобгарии Х. Т. Нозимов, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва кумитаи идораи замини ҳамин ноҳия дар бораи бекор кардани қарори раиси ноҳияи Файзобод ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин қонеъ, қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 1 сентябри соли 2010, № 570 дар бораи ташкили хоҷагии деҳқонии «Сайфиддини Шарифиён» ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 16 марти соли 2012, № 127 бекор гардидааст.
Дар мақола Х. Нозимов аз ҳалномаи суд норозигӣ баён карда, дарҷ намудааст, ки даъвогарон барои истифодаи қитъаи замин ягон ҳуҷҷат надоранд, вале даъвои онҳоро суд қонеъ кардааст.
Аз маводи парвандаи гражданӣ бармеояд, ки дар асоси қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 1 сентябри соли 2010, № 570 ба Х. Нозимов барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Сайфиддини Шарифиён» қитъаи замин ҷудо гардида, дар асоси ин қарор сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 16 марти соли 2012, № 1217 дода шудааст.
Сокинони деҳаи Шерамони ноҳияи Файзобод бошанд, қаблан дар асоси амри раиси ноҳияи Файзобод аз 15 майи соли  2009, №30 қитъаи замини ба хоҷагии деҳқонии «Сайфиддини Шарифиён» ҷудошударо ҳамчун чарогоҳ истифода мебурданд, аммо аз соли 2018 инҷониб Х. Нозимов ба аҳолии ин деҳа монеа эҷод мекунад. Бинобар ин, бо аризаи даъвогӣ барои бекор кардани қарори раиси ноҳия ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замини дар боло зикргардида ба суд муроҷиат намудаанд.
Дар мурофиаи судӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва кумитаи идораи замини ҳамин ноҳия баёнот додаанд, ки ҳангоми ба имзо расондани қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 1 сентябри соли 2010, №570 ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 16 марти соли 2012, № 1217 барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Сайфиддини Шарифиён» амри раиси ноҳияи Файзобод аз 15 майи соли 2009, № 30 оид ба ҷудо кардану вобаста намудани қитъаҳои заминҳои чарогоҳҳои тобеи ҷамоатҳои деҳот мадди назар шудааст.
Тибқи талаботи моддаи 13 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд метавонад санади ғайримеъёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин, санади меъёриеро, ки хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ буда, ҳуқуқи гражданӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро халалдор месозанд, беэътибор эътироф намояд.
Аз ин лиҳоз, суди марҳилаи якум даъвои сокинони ноҳияи Файзобод И. Шарипов ва дигаронро қонеъ намуда, ҳалномаи қонунӣ баровардааст.
Парвандаи мазкур аз рӯи шикояти кассатсионии Хуршед Нозимов мавриди баррасии пурра ва ҳаматарафа қарор гирифта, бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ аз 10 июни соли 2020 ҳалномаи мазкур бетағйир, шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда шудааст.
Ҳангоми омӯзиши маводи парванда аз рӯи муроҷиати Х. Т. Нозимов низ барои овардани эътирози назоратӣ ҷиҳати бекор кардани ҳалномаи мазкур асос дарёфт нагардид.
 
Ш. ЛУТФУЛЛОЗОДА,
муовини якуми раиси Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2021    №: 30    Мутолиа карданд: 1786
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед