Хабарҳо
МУВАФФАҚИЯТҲОИ РОССИЯ АЗ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК – V»
РИА «Новости». Россия бо ваксинаи «Спутник – V» дар арсаи олам метавонад ба комёбии беназир ноил гардад,- менависад дар матлабе барои нашрияи Washington Post рӯзноманигор Ишан Тарур.
Бино ба гуфтаи ӯ, чанде пеш ба дору шубҳа доштанд, аммо ҳафтаи гузашта пас аз интишори матлаб дар нашриёти бонуфузи илмии Lancet доир ба натиҷаҳои марҳилаи сеюми озмоиш дар ихтиёриён, «Спутник – V» ҷонибдории амиқ пайдо кард. Чуноне иттилоъ медиҳанд, самаранокии он 91,6 дарсадро ташкил дод.
- Даҳҳо кишвар истифодаи ваксинаро қобили қабул донистанд ва ин раванд пас аз ҷонибдории Lancet идома хоҳад ёфт. Бояд гуфт, ки «Спутник – V» нисбат ба дигар ваксинаҳо хеле арзон буда, барои нигоҳдорӣ, масалан чун ваксинаи «Пфайзер», ба ҳарорати аз ҳад сард ниёз надорад,- зикр намуд Тарур.
Ба ақидаи рӯзноманигор, ин ҳама комёбиҳоро метавон ба пешбурди муваффақи стратегияи миллии таҳқиқоти илмӣ, ки онро Президенти Россия Владимир Путин дар кишвар амалӣ намуд, рабт дод.
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ БАЙДЕН БО СИ ҶИНПИН
РИА «Новости». Президенти ИМА Ҷо Байден дар аввалин суҳбати телефонӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор намуд, ки аз амалҳои номақбули Пекин дар ташвиш аст ва манфиатҳои ИМА-ро ҳимоят хоҳад кард.
Президент Байден таъйид намуд, ки вазифаҳои авлавиятноки ИМА ҳифзи амният, шукуфоӣ, тарзи ҳаёти солими амрикоиҳо, ҳамчунин, ҳимояи минтақаи озоди уқёнусҳои Ҳинд ва Ором ба ҳисоб меравад.
Сарварони ду кишвар, инчунин, оид ба мубориза бо пандемияи COVID – 19, тағйирёбии иқлим ва паҳн накардани силоҳ табодули назар намуданд.
ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ҚОНУНИ ТАЪСИСИ РӮЗИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲОРО БА ИМЗО РАСОНД
ТАСС. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонун оид ба таъсиси Рӯзи дӯстии халқҳоро, ки Палатаи қонунгузор онро қабул ва Палатаи болоӣ тасдиқ намудааст, ба имзо расонд. Санади дахлдорро рӯзномаи «Халқ сӯзи», ки нашрияи парламент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, интишор кард.
«30 июл Рӯзи дӯстии халқҳо муқаррар гардад», - омадааст дар қонун.
Ҷашни нав бо ибтикори Сарвари Ӯзбекистон таъсис гардид.
«Ба ҳамагон маълум аст, ки тибқи қатъномаи Маҷмаи умумии СММ 30 июл ҳамасола Рӯзи байналхалқии дӯстӣ таҷлил мешавад. - Пешниҳод менамоям, ки ин сана дар Ӯзбекистон ҳамчун Рӯзи дӯстии халқҳо ҷашн гирифта шавад, - иброз намуд Мирзиёев 29 декабри соли гузашта дар Паёми худ ба парламенти ҷумҳурӣ.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 176