logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 ҲАЗОР ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
- Соли гузашта дар вилояти Хатлон иҷрои нақшаи андозҳо (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 101,7 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 1533,6 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида зиёд мебошад, - гуфт дар нишасти матбуотӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра ба хориҷи ҷумҳурӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 108003,2 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 8 миллиарду 810,9 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2019 - ум 313,8 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар вилоят 90 номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи саноати коркард - 48,2 дарсад, истихроҷи маъдан 4,3, истеҳсоли неруи барқ 47 ва хизматрасонии об 0,5 дарсад мебошад. 
Ҷиҳати бо кор таъмин кардани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 62987 ҷои кор таъсис ёфт. Аз ҳисоби баргузории 343 ярмаркаи ҷойҳои холии кор 4286 кас бо ҷойи кор таъмин гардида, дар маҷмӯъ, 6539 нафар ба шуғл фаро гирифта шуд. 
Дар доираи амалигардонии нақшаи чорабиниҳо оид ба пешвози сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта 91 корхонаю коргоҳ таъсис ёфт.
Баҳри татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID – 19», 53705 шаҳрванди эҳтиёҷманд ба маблағи 21,4 миллион сомонӣ ёрипулии якдафъаинаи иҷтимоӣ гирифт, - иброз намуд Қурбон Ҳакимзода.
 
Кароматулло АТО, 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ.
ТАДБИРҲО САМАРОВАР ХОҲАНД БУД
Дар шароити пандемияи коронавирус аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ширкатҳои сохтмонию саноатӣ ва масъулини соҳаҳои комплекси агросаноатии Федератсияи Россия барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз мамлакат дархостҳои зиёд ворид мегарданд. Вале бо сабаби баста будани марзу мунтазам фаъолият накардани парвозҳо ва иҷозати вуруд надоштани на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки аксар кишварҳо ба Федератсияи Россия, иҷрои ин ҳанӯз ғайриимкон аст. Танҳо тавассути гирифтани иҷозати махсуси Ситоди зидди паҳншавии бемории COVID – 19 дар Федератсияи Россия, ба 434 нафар иҷозати вуруд дода шуд. 170 муҳоҷир, аллакай, сафар кард ва то муҳлати анҷом ёфтани карантини онҳо,  гурӯҳи дигар омода хоҳад шуд. 
Ин нуктаро Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар нишасти матбуотӣ ироа намуд. 
Дар робита ба ин мавзӯъ, ҳамчунин, гуфта шуд, ки зимни ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла масъалаи бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандони мамлакат дар Россия, баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки вобаста ба ин Россия барои шиносоӣ бо вазъи кишвар гурӯҳи корӣ  хоҳад фиристод ва пас аз омӯзиш масъалаи мазкур ҳалли худро пайдо мекунад. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ВАРЗОБ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ КОРИ ДОИМӢ
Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода дар нишасти  матбуотӣ баён дошт, ки соли гузашта аз минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои сайёҳиву таърихии ноҳия 12958 сайёҳи дохилӣ ва 2067 хориҷӣ дидан намуданд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҳисоби хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ ба буҷети  маҳаллӣ 1 053 491 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2019 - ум 360 605 сомонӣ кам мебошад.
Инчунин, зикр гардид, ки дар ноҳия беш аз 400 шаҳрванд бо кори доимӣ таъмин, 75 бекор ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 305 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд. Дар баробари ин, 128 шаҳрванди бекор ба маблағи 73 090 сомонӣ кумакпулӣ гирифт.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
 
 
 
ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ. КҲФ БА ҶУДО НАМУДАНИ ОН ИҶОЗАТ НАМЕДИҲАД, АГАР…
Соли гузашта дар кишвар 213 ҳодиса ва ҳолати фавқулода сабт шуда, бар асари 25 - тои он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари моддӣ расидааст. Дар ин бора Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» оид ба  рафъи мушкилоти ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ дар наздикии соҳили дарёҳо ва роҳҳои селгузар, ки метавонад ба ҳаёти сокинон хатар эҷод намояд, кумита чӣ тадбирҳоеро рӯи даст гирифтааст, намояндагони кумита чунин ҷавоб доданд:
- Соли 2017 дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сардорони бахшу шуъбаҳои мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар маҳалҳо ба комиссияи қабул ва тақсимоти замин шомил шуданд. Дар ҳоле ин ташаббус рӯи даст гирифта шуд, ки аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба сокинон дар мавзеъҳои хавфнок қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо мегардиданд. Ҳоло бошад, кормандони бахшу шуъбаҳои мо ҳангоми ҷудо кардани замин хулосаи геологии мавзеъро омӯхта, баъдан иҷозати ҷудо намудани заминро медиҳанд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ ШОМИЛИ АССОТСИАТСИЯИ ДОНИШГОҲҲОИ ОСИЁ ГАРДИД
Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат соли сипаригардида ба  Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё пазируфта шуд, - иброз дошт Убайдулло Асрорзода, ректори донишкада. - Ин дар ҳолест, ки робитаҳои хориҷии донишкада дар ин давра бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватаниву хориҷӣ беш аз пеш густариш меёбанд.
Ба гуфтаи ректор, қатъи назар аз паҳншавии пандемияи коронавирус дар соли 2020, донишкада бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ - тадқиқотии хориҷӣ ҳашт шартномаи  ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки яке аз онҳо таъсиси факултети муштарак миёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмату Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия мебошад.
Ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузарондани ихтисосҳои донишкада, аз ҷумла «Иқтисодиёти ҷаҳон», «Саёҳат ва меҳмондорӣ» ва «Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ», бо намояндагони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон тариқи онлайн гуфтушунид анҷом дода шуд ва тарафайн тасмим гирифтаанд, ки аз 18 то 20 феврали соли ҷорӣ аккредитатсияи байналмилалии ихтисосҳоро доир намоянд.
Инчунин, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии донишкада сохтмони бинои нави таълимӣ оғоз гардида, аллакай, дар ошёнаи 2-юм корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар назар аст, ки он дар арафаи ин иди фархунда мавриди истифода қарор мегирад.
 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 207
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед