Хабарҳо
ХАТЛОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД
Моҳи январи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи 759705 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки 103 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин, дар ин моҳ 89 намуди маҳсулоти саноатӣ, аз қабили намаки ошӣ, гӯшти мурғ, маҳсулоти ширӣ, хӯроки чорво, нӯшокиҳо, пахтаи кӯрпабоб, ранги сохтмонӣ, семент, гаҷ, хишти бинокорӣ ва сементӣ, мебел бештар аз дурнамо истеҳсол шудааст.
Ин нуктаро Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят, зимни ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар моҳи январи соли равон ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 январи соли ҷорӣ) бармеояд, баён намуд.
Тавре ба «Ҷумҳурият» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд, дар корхонаҳои саноатӣ 14 намуди маҳсулот, ки соли гузашта истеҳсол нашуда буд (донаки офтобпараст, меваи хушк, чӯбчаҳои нафисӣ, қуттии картон, маҳсулоти беҳдоштӣ, ширеш, моеи зарфшӯӣ, ротбанд, плитаи оҳану бетонӣ, шифер, дучарха, конструксияҳои филизӣ), истеҳсол гардид.
Иттилоъ доданд, ки моҳи январи соли равон 1 миллиарду 431,9 миллион кВт - соат неруи барқ ба маблағи 367 миллиону 528,52 ҳазор сомонӣ истеҳсол шуд.
Раиси вилоят дар ҷаласа оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмини нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бакорандозии корхонаҳои бозмонда ва суръатбахшии сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолию саноатӣ ба масъулон дастуру супориш дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 166