logo

Хабарҳо

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

МАҚОМИ НАВИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКА
Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои кишвар мақоми муассисаи заминавии ИДМ дар самти омода намудани кадрҳои илмӣ дар бахши илмҳои физика ва техникаро дод. 
Дар ин бора Фарҳод Шокир, директори институт, ба мо хабар дод. Ба иттилои ӯ, то ин дам дар ИДМ ягон муассисаи заминавӣ барои омода кардани кадрҳои илмӣ дар соҳаи физика ва техника мавҷуд набуд. Дар ин равия танҳо ба ду муассиса чунин мақом дода шуд. Институт дар доираи мақоми гирифтааш метавонад ба омода намудани кадрҳои илмӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии  кормандон, гузарондани таҳқиқоти ҳамҷояи илмӣ бо муассисаҳои илмию таълимии ИДМ - ро ба роҳ монад. 
- Нақшаҳои бунёдӣ ва ғояҳои инноватсионии институт дар ин самт зиёданд, умед дорем пиёда намудани онҳо дар рушди илмҳои физикаю техника  нақши созгор мегузоранд, - гуфт Ф. Шокир. 
 
 
НАШРИ ҶИЛДҲОИ НАВИ «ФАРҲАНГИ МУКАММАЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»
Кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ нақша доранд то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷилдҳои 2, 3 ва 4 - и «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» - ро нашр ва пешкаши омма намоянд.  
Ба иттилои Сайфиддин Назарзода, сардори шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти институт,  ҷилди 2 - и «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ», ки ҳарфи «Б» - ро дар бар мегирад, аллакай дар ҳаҷми 700 саҳифа омода ва барои чоп пешниҳод шудааст. 
Ҳоло коршиносон ҷилдҳои 3 ва 4 - ро омода мекунанд. Ҷилди 3, ки ҳарфҳои  «В», «Г», «Ғ» - ро дар бар мегирад аз  900 саҳифа  иборат аст. Ҷилди 4 танҳо ҳарфи «Д» - ро фаро мегирад. 
Фарҳанги нав, ки тибқи нақша дар 12 ҷилд нашр мегардад, иборат аз  200 000 калима мебошад.
Зимнан, ҷилди якуми  «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» соли 2011 чоп шуда буд. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 137
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед