logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

Қонуншиканӣ
Қочоқбар ба толори суд рафт
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Абдурауф Саидов, ки тобистони соли гузашта телефонҳои мобилии гаронарзишро бо роҳи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст, ба суд ирсол шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Тавре гуфта мешавад, А. Саидов моҳи июли соли 2020 дар ҳамоҳангӣ бо «Шолочо» ном шаҳрванди Қирғизистон 20 адад телефони мобилии тамғаи «Samsung Galaxy A10S», 20 адад «Samsung Galaxy A51», 20 адад «Redmi Note 8», 80 адад «Redmi Note 9» ва 20 адад «Redmi Note 9S» - ро бо роҳи қочоқ, яъне бидуни назорати гумрукӣ аз вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Арзиши умумии телефонҳои воридшуда 345 640 сомониро ташкил дода, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба А. Саидов бо моддаи 289, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (қочоқ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристода шуд. 
 
 
Садама
Ронандаи масту гурезпо ба даст афтод
Кормандони милитсия дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ронандаеро боздошт карданд, ки дар ҳолати мастӣ ду сокини ноҳияро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. 
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса 8 феврал аз ҷониби ронандаи сархуш Азизбек Ҷӯрабеков (соли таваллудаш 1992), сокини ҳамин ноҳия, рух дода, бар асари он шаҳрвандон Музафар Гулзода ва Бахтовар Маҳсудинзода ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.  
Манбаъ изҳор медорад, ки Азизбек Ҷӯрабеков зимни пурсиш ба гуноҳи худ иқрор шуда, феълан ҳодиса мавриди таҳқиқу тафтишот қарор дорад. 
 
 
Одамкушӣ
Милитсия ҷинояти 26 сол қаблро ошкор сохт
Вазорати корҳои дохилӣ аз ошкор гардидани ҷинояте хабар дод, ки соли 1995 содир шудааст.
 
Як сокини шаҳри Ваҳдат, ки қаблан дастгиршудаву сомонаи ВКД аз ӯ марди 56-сола ном мебарад, шоми 12 октябри соли 1995 бо силоҳи оташфишон зани 59-солаи сокини деҳоти  Ромити ҳамин шаҳрро ба қатл расондааст. Вай ҳангоми дар гурӯҳи силоҳбадасти ғайриқонунии Нозим Юнусов бо тахаллуси «Эшони Нозим» буданаш даст ба чунин кирдори ҷинояткорона задааст. 
Ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (одамкушӣ…) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2021    №: 34    Мутолиа карданд: 1858
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед